Иҷтимоиёт Сиёсат Хабарҳо

ПЕШСАФОНИ ҶИНОЯТПЕША

print

Имрӯзҳо дар Варшава чор нафар тафриқаандози миллати тоҷик аз Истиқлолияту ҳувияти миллӣ сухан мегӯянд. Аммо мардуми Тоҷикистони азиз, “ватандӯстдорӣ”-и ин турфаи хоинони миллатро медонанд ва аз ҳарзагӯӣи онҳо боке надоранд, зеро ин чор нафар миёни халқ обрӯву эътиборе надошта, ҷиҳати ҳамдилии мардум, ободиву пешрафти мамлакат кореро ба анҷом нарасонидаанд.
Масалан, агар фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар шаҳри Турсунзода варақ занем, маълум мешавад, ки ҷуз фиреб, тафриқаву бадкирдорӣ ва фисқ дигар дар ҷомеакоре накардаанд, ки лоиқи пайравӣ бошад.
Дини мубини ислом ваҳдату ҳамдилӣ, покиву иффат ва иттиҳоду сарҷамъиро дар ҷомеа талқин ва тафриқаву низоъро маҳкум менамояд. Чуноне ки дар ояи зер омадааст «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46). Ҳамчунин аз ҷониби Худованд фармуда шудааст, ки мо мусулмонон аз ҳар гуна омили нифоқангез парҳезкорӣ намуда, баҳри ҳамдилии мардум бикӯшем. Аммо мутаассифона бархе аз рӯҳониёни кишвар худро пуштибони ҳуқуқу манфиатҳои муаррифӣ намуда, ҷиҳати ба даст овардани қудрат бо ёрии хоҷагони хориҷӣ ин фармудаи Худованди мутаъолро сарфи назар карда, бо ташкили ТЭТ ҲНИТ миёни мардуми Тоҷикистон тафриқа эҷод карданд. Илова бар ин , дар сафи худ ашхосеро ҷамъ оварданд, ки аз минбарҳо аз покиву иффат сухан карда, дар паси пардаи ислом ҷиноятпешаву фосиқе беш набуданд. Қатли олимону шахсони барӯманди ҷомеа, кӯшиш ба табаддулоти мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015, аъмоли ғайриинсонӣ ва пур аз фаҳши узви раёсат ва Шӯрои сиёсии ТЭТ ҲНИТ Саидраҳими Назар, исботи ин гуфтаҳост.
Халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи сулҳхоҳи чаҳон огоҳ аст, ки чун наҳзатиҳо ҳадафу ниятҳои нек надоштанд, ба мақсад нарасиданд. Чуноне ки Худованд фармудааст: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105).
Дар ин радиф, пешсафони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ТЭТ ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода ҳарчанд кӯшиданд, ки дар паси пардаи ислом софу ҳарир бимонанд, аммо ниқоб аз рӯи онҳо кашида ва сиришти нопокашон аён гардид.
УЗВИЯТ ДАР ПОЯИ ДУРУҒ.
Собиқ аъзои ТЭТ ҲНИТ сокини деҳаи Қипчоқи шаҳри Турсунзода Одинаев Ятим дар мақолаи худ «Аз ҳизб даст кашидам», ки дар ҳафтаномаи «Диёри Турсунзода», № 22 аз 30.05.2015. ба нашр расида буд, гуфтааст: «Мутаассифона ҳақиқати талх чунин аст, ки ба ҲНИТ шомил шудани ман дар пояи дурӯғ сурат гирифта буд. Таърихи он чунин аст, ки баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо мардум мулоқот ороста, атрофи чӣ гуна ба Ваҳдат расидан сухан кард. Баъд аз ин мулоқот се сол сипарӣ шуд. Солҳои 2000-ум Мулло Раҳматулло, ки роҳбари ташкилот дар шаҳр буд, назди ман омада, гуфт, ки ту аъзои ҲНИТ ҳастӣ ва моро мебояд барои пешравии кори ҳизб хидмат карда, ба зиёд шудани сафи пайравон мардумро ҷалб намоем. Аз ин сухани ӯ дар ҳайрат шуда, гуфтам, ки узви ҳизб нестам, барои шомил шудан ба сафи ҳизб ба касе муроҷиат ҳам накардаам, шояд хатогие шуда бошад. Мулло Раҳматулло аз баргузории вохӯрии Абдуллои Нурӣ ёдовар шуда, илова кард, ки иштирок намудан дар мулоқоти Абдулло. Нурӣ басанда аст, ки узви ҳизб бошӣ. Аз ҳамон рӯз иборат ба рӯихати ҳизбиён номнавис шудаӣ. Маълум шуд, ки аъзои ҲНИТ, ки дар шаҳри Турсунзода фаъолият доштаанд, ғоибона иштирокдорони ин мулоқотро ба ҳизб дохил кардаанд». Гуфтаҳои Ятим Одинаев далолат аз он аст, ки аъзои фаъоли ҳизб бо мақсади зиёд намудани пайравон роҳи дурӯғро пеша кардаанд.
ТАВБАФАРМОЁНИ ҶИНОЯТПЕША. Пешсафони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳр чуноне ки зикр гардид, аз минбарҳо бобати исломи ноб сухан мегуфтанд ва мардумро ба роҳи ҳақиқат даъват менамуданд, аммо дар паси пардаи дини мубин ба нашъаҷалобиву тафрақаангезӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ машғул буданд, ки собиқ раиси ташкилоти ҳизбии шаҳр Сидиқов Қаюм Шералиевич аз зумраи онҳост.
Сидиқов Қаюм Шералиевич, зодаи шаҳри Турсунзода соли 1997 ба ТЭТ ҲНИТ дохил шуда, баъд аз Абдуллоев Абдуҳафиз раёсати ташкилоти шаҳрии ҳизбиро дар шаҳри Турсунзода ба уҳда, гирифта, мардумро ба «роҳи рости Худованд» ҳидоят намуда, худ роҳи каҷ – қочоқи маводи мухадирро пеша мекунад.
Сидиқов Қ. Ш. дидаву дониста, ки аз назари шариати исломӣ парвариш, паҳнсозӣ ва истеъмоли маводи мастиовар, аз чумла маводи мухаддир ва шароби масткунанда ҳаром аст, худ ин аъмоли зиштро манбаи даромади муфт дониста, ҷони ҳазорон мардумро зери хатар мегузошт.
Боиси зикр аст, ки масъалаи истеҳсол ва истеъмоли маводи мухаддир ва оқибатҳои он дар чаласаи махсуси созмони конфронси исломӣ (Мадинаи Мунаввара, 30.05.1982 бо иштироки уламои муътабари чаҳони ислом таҳлилу баррасӣ гардида, дар поёни он намояндагони тамоми кишвари исломӣ Қатъномаи қатъиеро содир намуданд, ки дар он аз чумла омадааст:
1. Истифодаи тамоми намудҳои маводи масткунанда ва маводи мухаддир ҳаром аст».
Магар Сидиқов Қ. Ш. аз ин талаботи ислом бехабар буд? Не албатта! ӯ ин ҳамаро ба хубӣ медонист, вале алайҳи қонунҳои Худованд дар паси пардаи «қонунҳои Худованд» роҳи ҷиноятро пеша кард. Соли 2006 ӯ бо ҷурми даст доштанаш дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори навъи афюн ба миқдори махсусан калон-272 кг.601 гр. 800 мг. аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, худи ҳамон сол бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода ба муҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум гардид (моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» ва 289, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аз ин муҳлат бо сабаби 4 маротиба эълон гардидани авф 8 солу 10 моҳашро дар зиндон гузаронида, соли 2014 ба озодӣ баромад.
Чор соли озоди зиндагӣ барояш басанда буд, ки боз сиришти бадхӯи ӯ руҷуъ кунад, яъне Сидиқов Қаюмро муҳлати зиндон дарс нашуд, аз зиндагии озоду обод шукрона накард ва боз ҷиноят содир намуд. Ин дафъа суд нисбати ӯ бо моддаи 189 қисми 1 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин ба муддати 3 соли маҳрум аз озодӣ ҳукм баровард.
РОҲБАРИ ҲАМҶИНСБОЗ. Ташкилоти шаҳрии ТЭТ ҲНИТ-ро дар шаҳри Турсунзода инчунин Маҳмадраҷаб Ризоев низ роҳбарӣ кардааст, ки ин фосиқи костаахлоқ худро аз содиқони ҳизб ва дин эълон дошта, дар асл зидди гуфтаҳои Худованд рафтор карда, ҳамҷинсбозӣ мекард. Илова бар ин рафтори зишти худро сабт намуда, аз тамошои он ҳаловат бурда, онро ба дигарон низ талқин медод.
Дар Қуръони карим омадааст, ки вақте миёни қавми Лут ҳамҷинсбозӣ густарда шуд, баҳри ислоҳи онҳо аз ин рафтори зишт Худованд Лутро ҷониби қавм фиристода фармуд: «Лутро ҳам ба сӯи қавми худаш фиристодем ва ӯ замоне ба қавмаш гуфт: шумо кори бисёр зиштеро анҷом медиҳед, ки касе аз ҷаҳониён қабл аз шумо муртакиби он нашудааст» (Сураи Анкабут, 28). Вақте сухани Лут ба қавмаш асар накард, Худованд онҳоро мавриди муҷозот қарор дод: «Мо барои мардумони ин шаҳр ба хотири фисқу фуҷуре, ки анҷом додаанд, азоби шадиде аз осмон нозил хоҳем кард». (Сураи Анкабут, 34).
Сураҳои мазкур далолат бар он медиҳанд, ки Маҳмадраҷаб Ризоев, ки худ ғуломи шаҳвати ҳайвонӣ, буда, забону даҳони худро олудаи ҳаром кардаст, ҳуқуқи аз номи Худову Расул (с.а.в.) сухан карданро надошт.
Аммо бо ин ҳама рафтори палид ӯ пешсафи ТЭТ ҲНИ буд!
ЗИНОКОРОНИ НАҲЗАТӢ.
Чанде қабл тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ зинокориҳои яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИТ Зиёдуллоев Насриддин пахш гардид. Дар сабт аён аст, ки ин одамсурати шайтонсират дар ҳуҷрае бо зани мисли худ фосиқи дигар зинокорӣ карда, баъдан боз китоб рӯи даст гирифта, дуо мехонад. Зиёдуллоев Н. низ аз зумраи пайравони наҳзатиҳо буда, худро ҳамчун зоҳиди покдоман муаррифӣ мекард. Аммо Худованд шахсонеро, ки миёни ҷомеа аз покиву иффат сухан гуфта, мардумро бар худотарсӣ ҳидоят намуда, дар хилват аз ӯ наметарсанд, дар ин дунё ошкору шарманда ва дар охират низ гирифтори муҷозот мегардонад. Чуноне, ки дар Қуръон омадааст: Касоне, ки дар пинҳон аз Парвардигори худ метарсанд, омӯрзишу подоши фаровон ва бисёр бузурге доранд. (Мулк, 12). ва ё дар ояи дигар омадааст, ки «Яқинан Худованд аз он чӣ пинҳон месозанд ва аз он чи ошкор менамоянд, огоҳ аст ва Худованд мустакбиронро дӯст намедорад». (Наҳл,23).
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки пешсафони наҳзатӣ дар шаҳри Турсунзода бештар аз ашхосе иборат буданд, ки минбари ислом, Каломи шариф ва аҳодиси Расули Акрамро (с.а.в.) бар нафъ ва мақсадҳои нопоки худ истифода мебурданд.
Хонандаи азиз, магар Шумо ба эътилоф ва “паймон”-и чунин паймоншиканҳои назди Худованд боварӣ доред? Оне, ки паймони Худо, паймони назди қонун, паймони истиқрори сулҳ ва паймони мардиву одоби инсониро помол кардааст, дар атрофи худ чӣ гуна афродро метавонад ҷамъ оварад? Қазоват аз Шумост…
Аҳмад САИД

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *