Сиёсат

АМНИЯТУ ҲАМКОРӢ Ё ЭҶОДИ ХАТАРУ ТАФРИҚААНГЕЗӢ?

print

Инак чанд рӯз аст, ки дар Варшава «конфронс – театр» ё «маҳзака» бо «афиша – эълоннома»-и «Чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» таҳти «коргардон»-ии САҲА ҷараён дорад. Чун анъана дар ин маҳзака аъзои ТТЭ ҲНИ, балегӯёни онҳо ва мардумфиреби асосӣ – Кабирӣ даъват шудаанд ва мутмаинам, ки Кабирӣ мисли зоҒ дар он ҷо ҳатман «қар – қар» мекунад.
Чанд аҷоиботе ҳаст, ки чорабинии мазкурро ба маҳзака табдил додааст.
Аҷоиби аввал: ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон бар иловаи 13 давлати аъзои САҲА ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шудааст, вале САҲА дар ҷустуҷӯи «амният» ба террористон минбар медиҳад.
Аҷоиботи дуюм: Кабирӣ дар кофтукови ҷиноӣ карор дораду ҷиноёти ин манфур тасдиқ шудааст, вале САҲА ӯро намехоҳад аз «оғӯши гармаш» раҳо диҳад.
Аҷоиботи сеюм: ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва Ғайраҳо ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, шомил карда шудааст, вале САҲА сари ӯро «навозиш» мекунад.
Чунин мисолҳоро бешумор овардан мумкин аст, вале матлаб дигар мебошад.
Чаро САҲА Кабириро навозиш мекунад?
Аввал: чунки барои чунин ташкилот аз амнияту ҳамкорӣ дида, эҷоди хатару тафриқаангезӣ авлотар аст. Ба қавле барои САҲА «выгодно» «обро лой карда, моҳӣ доштан». Агар тафриқаву хатар набошад, кормандони САҲА бекор мемонанд-ку.
Дуюм: Кабирӣ низ бекор нест, охир ӯ пулҳои аз хоҷагони дар САҲА нуфуздошта гирифтаашро бояд «отработка» кунад, вагарна аз баҳри ӯ мегузаранд. Ёдатон ҳаст? Чанде пеш дар Интернет овоза пайдо шуда буд, ки ба ҷони Кабирӣ қасд доранду чанд маротиба таҳдид кардаанд. Ин сад дар сад дуруст аст, ба ӯ таҳдид карданд, ки агар пули додаашонро «отработка» накунад, аз баҳраш мегузаранд, яъне мекушанд. Саги бӯйгирифта ба кӣ даркор.
Сеюм: САҲА ба дунё ҷор заданист, ки бо додани минбар ба Кабирӣ аз ҳуқуқи инсон ҳимоя кардааст. Оне, ки Кабирӣ террористу дар куштори садҳо нафар мардуми бегуноҳ муҷрим аст, барои САҲА «масъалае нест».
Чоруму панҷуму даҳу садаш ҳам ҳаст, вале ҳамин кофист, ки чанд маслиҳат бидиҳам:
– САҲА-ро мебояд мутобиқ ба номаш дар Аврупо амнияту ҳамкориро ба роҳ монаду «навозиш»-и террористонро қатъ намояд;
– Кабириро мебояд, ки ҳамон пулҳои ҳангуфти хоҷагонаш додаро нақд кунаду ба ягон кунҷи назарногири дунё фирор карда, «гӯш зери тоқӣ, майда карда хӯрда гардад», вагарна имрӯз ё фардо мекушандаш хоҷагонаш.
Ба Кабирӣ мегӯям: – Натавонистӣ, на дар руҳонияту на дар сиёсат аз дастат ҳеҷ коре наомад ва намеояд!!!
                                                                                             Лоиқи Нур
                                                                                      рӯзноманигор

2 Replies to “АМНИЯТУ ҲАМКОРӢ Ё ЭҶОДИ ХАТАРУ ТАФРИҚААНГЕЗӢ?

  1. Бале, аз дасти ин 4 тан тарсуи дар паси хоҷагони хориҷӣ паноҳбаранда чизе намеояд. Ба суханхои онҳо, ки гӯиё аз озодиву хуввияти миллат аст ва гӯиё аз сураву оятҳо ва ҳадисҳо сарчашма мегиранд, бояд фирефта нашуд.
    Миллат бе ин чор тан хоин ободтарру зеботар аст…

  2. Хуб мешуд, ки Тоҷикистон бо чунин созмонҳое, ки ба тафриқаандозон минбар медиҳад, ҳамкориро атъ намояд…

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *