Изҳороти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи маводи дур аз ҳақиқат мебошад, ки бемантиқона вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро бо хости худ баррасӣ намуда, онро «аз афзоиши фишор болои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъол ва узви раёсти Олии ин ҳизб» меҳисобад. Дар ҳоле, ки ин ҳизб дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш вазъияти дохилиро баррасӣ намояд.
Мазмуни баёния ба кулли аҳолии Тоҷикистон маълум аст, ки онро бо хости худ ва бо ба инобат нагирифтани манфиатҳои халқи тоҷик омода шудааст. Дар изҳорот аз ҳодисаҳои рухдодаи 4-уми сентябри 2015 ёдоварӣ накарда, қазияи хиёнаткорӣ ва исёни А.Назарзодаро дар ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ изҳор намедорад. Маҳз ҳамлаи А.Назарзода бо дастгирии ТТЭ ҲНИ дар ҳамин шабу рӯз ба вуҷуд омада буд, вале дар ин бора ҳарфе ба лаб намеоранд, онро дар изҳорот нодуруст шарҳ медиҳанд ва бо иштибоҳ амали дасти наҳзатиҳоро пинҳон кардан мехоҳанд.
Ҳарчанд раҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.
Рустам Раҳимов