Санаи таърихии 9 сентябр торафт наздик мешавад. 27 сол қабл дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеа дар ҳаёти сиёсии мардуми Тоҷикистон муҳиму фараҳбахш дониста шуд. Бо соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар роҳи истиқлол бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошт. Аз ҳама муҳим, бо талошу фидокориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хомӯш карда шуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расида, фазои мамлакатро оромиву сафо бахшид. Хушбахтона, имрӯз дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистону тоҷикистониёнро рамзҳои муқаддаси кишварамон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муаррифӣ менамоянд.
Баъди соҳибистиқлол гаштан мардуми кишвар ба ободу зебо намудани сарзамини аҷдодии хеш, рушди соҳаҳои мухталиф камар бастанд. Такрор ба такрор метавон гуфт, ки абармарди таърихи навини тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург гузошт дар роҳи бунёди давлатии ҳуқуқбунёд ва дунявию демократӣ. Бо талошҳои ӯ давлати мо тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро пайдо намояд.
Бо ѓамхории Пешвои миллат хусусан ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода шуд. Воқеан ин соҳаест, ки бе рушду пешравии он мамлакат тараққӣ намекунад. Бе маориф тираву торик аст ҳаёт. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Имрӯз низ ин раванд ҷараён дорад. Дар шаҳри Турсунзода ҳам даҳҳо дабистон бунёд ёфтанд. Аз ҷумла муассисаи таълимии мо бо типи нав сохта ба истифода дода шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд, ки ин барои омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимиамон як воқеаи фараҳбахшу хотирмон аст.
Инак, мо шукронаҳо аз он мекунем, ки кишвари соҳибистиқлол ва Пешвои муаззаму хирадманд дорем. Дар фазои софу беѓубор нафас мекашем. Ва боз аз он ифтихор дорем, ки кишварамон яке аз кишварҳои орому пешрафтаи олам маҳсуб меёбад. Ҳамчун омӯзгор шогирдонро доимо таъкид месозам, ки дар шароити қулаю мусоид аъло таҳсил намоянд, ба қадри Истиқлолият ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд…
Фариза ЭЛМУРАТОВА,
омӯзгори МТМУ №18-и шаҳри Турсунзода.