Ҳамдиёрони азиз!
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери фазои сулҳу амният, ваҳдату ҳамдилӣ Иди саиди курбонро ҷашн мегирад.
Ба ин муносибат, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, тансиҳативу сарбаландӣ, саодату иқболи нек ва хонаи обод таманно дорем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Фарҳанги исломӣ саршор аз ҳадафҳои олии инсондӯстӣ, талқингари меҳру шафқат, хайру эҳсон, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат дар тарбияи инсони комил ва рушду такомули ҷомеаи башарӣ нақшгузорӣ менамояд.
Барои мардуми мо Иди саиди Қурбон аз муқаддастарин мероси ниёгон ба ҳисоб рафта, ҳамдиливу бародарӣ, шафқату эҳсонкорӣ, меҳру муҳаббат, башардӯстиву инсонпарвариро дар замири ҳар фарди мусулмон тарбия намуда, ҷиҳати оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдат саҳми муносиб дорад.
Ҷавҳари аслии Иди Қурбонро тарғиби арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд.
Дини мубини ислом ҳамчун махзани маърифат, ташвиқгари некиву накӯкорӣ ва сарчашмаи бузурги панду насиҳат тақозо менамояд, ки идро бо шукргузориву қаноат, сариштакорӣ, ғановати рӯҳӣ ва саховату дастгирии ниёзмандон таҷлил намоем.
Дар баробари ин, сарфаю сариштакориро омили баракати зиндагӣ арзёбӣ намуда, ҳар яки моро ба сариштакорӣ даъват намуда, дар ояти 31 сураи Аъроф Худованд мефармояд. «…Бихӯред ва биёшомед ва исроф макунед, ки ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад».
Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат истифода аз неъматҳои Худовандро тарғиб, вале исрофро манъ менамояд.
Аз ин рӯ, ҳамдиёрони азизро мебояд ҳангоми оростани дастархони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ надиҳанд.
Фарҳанги оростани дастархон дар рӯзи ид аз нигоҳи созгор бо шариат ва одоби рӯзгордорӣ аз ду қисмат таркиб меёбад: яке, дастархони маънавӣ ва дигаре дастархони моддӣ. Дастархони маънавӣ аз нигоҳи рӯҳонияти шаръӣ дуову дуруд, фотеҳахонӣ дар ҳаққи гузаштагон, тиловат кардани оятҳои қуръонӣ ва тасаллият бахшидан ба азодорро дар мадди аввал мегузорад.
Дастархони моддӣ бошад, густурдани суфраи маъмулӣ мебошад, ки онро соҳиби хона барои пазироии меҳмонон ороста мегардонад.
Дар баробари хоксориву сариштакорӣ дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст. Ҳамчунин, дар асоси ҳадисҳои Пайғамбари ислом ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону ниёзмандон дода мешавад. Аз ин рӯэътимоди комил дорем, ки ҷиҳати дастгирии ниёзмандон ва иҷрои амали хайр ҷавонмардони эҳсонкор ва соҳибкорони шаҳри мо камари ҳиммат мебанданд.
Ҳамдиёрони азиз,
Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрони сиёсиву молиявӣ, амалҳои террористӣ ва ҷангҳои як қатор мамлакатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳар яки мо ба қадри Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат бирасем, зеро амали террористии куштори сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр буда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи сарзамини муқаддас тарбия намоем.
Яке аз таълимоти ислом дӯст доштани Ватан арзёбӣ гардида, вобаста ба ин Расули Акрам мефармоянд, ки дӯст доштани Ватан аз имондорист. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 900 рӯзи ободонӣ эълон гардида, бо иштироки фаъолонаи сокинони шаҳр корҳои ободониву хуррамгардонӣ идома дорад, ки амали хайру савоб маҳсуб меёбад.
Ҳамдиёрони азиз,
Анҷом додани зиёрати ҳаҷ ва адои намози идона яке аз аркони дини мубини ислом аст, ки имрӯзҳо 179 нафар аз ҳамдиёрони мо бо нияти зиёрати хонаи Худо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара қарор дошта, ибодати ҳаҷро ба ҷо меоранд.
Эътимоди комил дорем, ки ҳоҷиёни мо дар Хонаи Худо барои сулҳу суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, тарғиби одобу ахлоқи ҳамидаалалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳм мегузоранд.
Дар ин рӯзи муборак бо шукргузорӣ аз сулҳу амонии мамлакат ва давлату давлатдорӣ бо нияти саодату некбахтӣ ҳар як сокини диёрро ба ифтихори Иди саиди Қурбон муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!