Иҷтимоиёт Хабарҳо

АЗ ТАЪРИХИ ҲАҶ

print

АЛ-МАСҶИД АЛ-ҲАРАМ

Ин масҷид дар атрофи Каъбатуллоҳ бино шуда дар бунёди он Ҳазрати Умар ибн-ил-Хаттоб саҳми арзанда гирифтаанд. Ин симои бузург хонаҳоеро, ки дар атрофи Каъбатуллоҳ буданд, харида сипас онҳоро вайрон карда, ба ин васила майдони ин масҷидро васеъ намуданд.

Ин масҷид, ки бо деворҳои муҳташам иҳота шудааст, асрҳо инҷониб дар маркази диққати шоҳону арбобони давлатӣ буд ва ҳаст. Бо ташаббуси адолатхоҳонаи ин қабил сарварон он сол то сол боз шукуҳу шаҳомати тоза гирифта, ободу зеботар гардид.

Алҳол масҷиди “ал – Масҷид ал – Ҳарам” дорои 7 манора ва 25 дару дарвозаю даромадгоҳ аст. Саҳни он 75 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

                      МАСҶИДҲОИ ПАЙҒАМБАРАМОН

Масҷиди калонтарини дар шаҳри Мадинаи мунаввара қомат афрохта бо ташаббуси Ҳазрати Пайғамбар ъалайҳиссалом бунёд шудааст. Ҳазрати Расулуллоҳ замини ҳамин масҷидро (дар солҳои аввали ҳиҷрат) аз ду ятимбачаи ансорӣ бар ивази даҳ динор харида, дар сохтмони он худ заҳмат ба харҷ додаанд. Меҳроби масҷид ба сӯи Қудс нигарон аст. Зеро ҳангоми сохтмони масҷидқиблаи мусалмонон ба сӯи Қудси шариф буд.

Масҷиди мазкур дар давраи хилофати Ҳазрати Умар ва Усмон (разияллоҳу ъанҳумо) хеле таъмиру тармим ёфт ва саҳнаш васеъ шуд.

Алҳол масҷид дорои 44 тиреза, 232 сутун ва ду манораи (миъзана – ҷои азонгӯӣ) 75 – метра мебошад.

ОБИ ЗАМ – ЗАМ

Таърихи пайдоиши оби шифобахш Зам – зам марбут ба давраҳои Ҳазрати Исмоил ъалайҳиссалом аст. Моҳиёту хосиёти оби Зам-зам бо далоили раднашаванда собит шудааст. Ҳамчунин як қатор аҳодиси Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин хусус мавҷуд аст, ки гувоҳ аз пурбаракатии оби Зам-зам аст.

Аз ҷумла, Расулуллоҳ ъалайҳиссалом гуфтаанд: “Накӯтарин об аз ҷумлаи обҳои рӯи замин оби Зам-зам аст”. “Оби Зам – зам барои одамони солим ғизо ва барои беморон шифост”.

ДЕҲАИ МИНО 

Ин деҳа 7 чақрим дур (яъне қариб 20 километр) аз Маккаи мукаррама воқеъ аст. Хона ва иморате, ки дар ин мавзеъ ҷойгир аст, фақат дар давраи ҳаҷ ба иҷора дода мешавад.

Аз рӯи ахбори Қуръони шариф оят “ва фадайнаҳу бизибҳин – ъазийм” Ҳазрати Иброҳим ъалайҳиссалом қучқореро ки барои қурбонӣ бар ивази Ҳазрати Исмоил ъалайҳиссалом фуруд омада буд, дар ҳамин куҳи деҳаи Мино қурбонӣ кардаанд.

ҒОРИ САВР 

Ин ғор шаш чақрим дар самти ҷанубии шаҳри Маккаи мукаррама воқеъ буда, онро иҳота кардааст. Баландии кӯҳ 500 метр аст. Пайғамбарамон саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ҳангоми таъқиб аз тарафи мушрикон бо Ҳазрати Абу Бакри Сиддиқ разияллоҳу ъанҳу се рӯз дар ғори ҳамин куҳ паноҳ ҷустаанд. Аз ҳамин хусус ин ғор дар олами ислом муътабар аст ва номи он дар Қуръони карим низ зикр шудааст.

АРАФОТ

Кӯҳи Арафот дар самти ҷанубу шарқи Маккаи мукаррама дар масофаи 25 чақрим дурӣ мавқеъ гирифта. Ҳоҷиён ба ин куҳ рӯзи нуҳуми моҳи Зул – ҳиҷҷа омада, яке аз рукнҳои асосиро амалӣ мегардонанд. Дар самти шарқии ин куҳ боз як кӯҳест бо номи Раҳмат. Дар ин куҳ Пайғамбарамон хутбаи охиронро дар ҳаҷҷатул-вадоро хондаанд. Ва охирин ояти карима ҳам ба он Ҳазрат ъалайҳиссалом дар ҳамин куҳ нозил шудааст.

ҚАБРИСТОНИ АЛ-МАЪЛОТ

Ин қабристонро аҳли Маккаи мукаррама бо номи “бӯстони Маълот” ёд мекунанд ва он аз давраҳои ҷоҳилият то имрӯз қабристони мардум аст.

Дар мадфангоҳи мазкур бобокалони Ҳазрати Пайғамбарамон ъалайҳиссалом Абдуманоф, бобояшон Абдулмутталиб, амакашон Абу Толиб ва завҷаи мутаҳҳараашон, модарамон ҳазрати Хадича ва асҳобу уламои киром хок шудаанд.
Аз “Ҳаҷнома”-и Абдулқодири Шошӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *