Иҷтимоиёт

ПЕШГИРИИ ХУШУНАТ ВА ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

print

Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Ба хотири решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар саросари кишвар мавриди татбиқ қарор дорад ва ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур Қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 31.12.2014, № 1292 Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба иҷрои Барномаи номбаршуда ба имзо расидааст. Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод низ ҷиҳати иҷрои нақшаи номбурда, нақшаи корӣ тасдиқ шуда, тибқи он як қатор чорабиниҳо иҷро шудааст ва кор дар ин самт идома дорад.
То имрӯз кормандони масъули ҷамоати деҳот дар ҳайати гуруҳҳои корию таблиғотӣ бо сокинони деҳот ва кормандони муассисаҳои таълимию тандурустии минтақа чандин мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои номатлуб, пошхӯрии оилаҳо, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, худкушӣ, зӯроварию хушанат дар оила ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон мавриди суҳбат қарор мегиранд. Вобаста ба саволҳои шаҳрвандон инчунин ба мардум машваратҳои ҳуқуқӣ низ дода мешавад. Дар натиҷа шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ шуда, имрӯз эътимодашон ба худ бештар мегардад.
Чунончӣ, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ 2 нафар шаҳрванд оиди зери хушунат қарор доштанашон ба масъулони ҷамоати деҳот муроҷиат намуданд. Дар соли гузашта чунин муроҷиат ба қайд гирифта нашуда буд, ки ин нишонаи огоҳияти шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ мебошад.
Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеаи мо имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегарданд ва алайҳи он чораҳо андешида мешаванд.
Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон – ҳамсарон, хушунати шавҳар нисбати келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.
Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани саводи казоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард.
Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лагад қарор медиҳанд. Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунат кардан нисбати занро раво надонад ва барои тарбияи фарзадони руҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад.
Дар рафти мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид бояд кард, ки ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ташкили ҷомеаи солиму бидуни хушунат, тарбияи насли солим, устувории ояндаи давлату миллат, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои зараровар азму талош дар муттаҳидӣ самараи нек ба бор меоварад.
Умеда НЕГМАТОВА,
раиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *