Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 29 декабри соли 2017
таҳти рақами №9771 ба имзо расида, дар мамлакат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ривоҷи соҳаи сайёҳӣ корҳои созанда амалӣ гардид.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд.
Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.
Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд, ки ин рамз доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин раванд муҳтарам Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат дастуру супориш доданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.
Шаҳри Турсунзода низ дорои табиати бою рангин ва мардуми ҳунарманд буда, дар шаҳр ҳам сайёҳӣ ва ҳам ҳунарҳои мардумӣ метавонад рушду инкишоф ёбад. Аз ҷумла дараи Қаратоқ яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон таъриху фарҳанги қадима ва табиати бою рангин дошта, ёдгориҳои меъморӣ, бостоншиносӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум, фолклор, ҳунарҳои ороишии мардумӣ, урфу одат, анъанаҳои ин минтақа метавонад сафари сайёҳони ватанию хориҷиро ба диёр афзун намояд.
ДАРАИ ҚАРАТОҒ
Қаратоқи бостонӣ дар байни арзҳои 38.5 -38.7 арзи шимолӣ ва 67.8 – 68.3 тӯли шарқӣ, дар 915-920 метр баландӣ аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифта, дарозии дараи Қаратоқ 47 кмро ташкил медиҳад.
Дарёи Қаратоқ аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр аз қуллаи Шӯро, аз қаторкуҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, 99 км. дарозӣ дорад. Дар он 4 намуди моҳи шино мекунад, аз ҷумла ба моҳишикорон гулмоҳиву ширмоҳии дарёи Қаратоқ писанд аст.
Дар ҳошияи таърих номи дарёи Қаратоғ бо номи “Камрӯд”сабт гаштааст.
Дар баробари рўди Қаратоқ дар доманакўҳҳои болооби дара кўлҳои Темурдара Париён ва Ҷувозак мавҷуданд, ки дорои захираҳои бои оби ошомиданӣ табиати зебо, ривоятҳои ҷолиб ва олами ҳайвоноту набототи нодир буда, дар миқёси кишвар номвар гардидаанд. Чашмаҳои мусаффо бо обҳои шифобахши маъданӣ шаршараву рўдҳои кўҳӣ ба муҳити кўҳсор таровати нав зам менамоянд.
Дараи Қаратоқ аз ҷиҳати сохти геологӣ ба эраҳои мезозой ва кайназой таалуқ дошта, ин мавзеъ 110 миллион сол қабл дар зери баҳр ҷойгир будааст. Бештари ҷинсҳои кӯҳии таҳшонии дараи Қаратоқ оҳаксанг, гаҷ, ангиштсанг, аммонитҳо мебошанд. Боқимонда ҷинсҳои куҳиро регсангҳо, доломитҳо, конгломератҳо, фосфоритҳо ташкил менамоянд.
Бозёфтҳои археологӣ, ки аз мавзеи соҳили дарёи Қаратоқ ва атрофи он ба даст омаданд, аз аҳди Кушониён асрҳои 1-3 мелодӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз аҳди Кушониён то асри 15 то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ Қаратоқ яке аз шохаҳои тиҷоратии“Роҳи Абрешим”маҳсуб меёфт,ки Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳоро ба ҳам мепайваст. Аз мавзеъҳои гуногуни Қаратоқ зангўлаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаю оина ба даст омадаанд, ки далели гуфтаҳои боло буда, онҳо дар осорхонаҳои шаҳр ҳифз карда мешаванд.
Дараи Қаратоқ бо ёдгориҳои мухталифи таърихиву фарҳангӣ ва мазорҳои бузургони маърифат дар маркази диққати сайёҳон ва аҳли илму адаб қарор дорад. Хусусан Зиёратгоҳи Ҳазрати Офоқ Зиёратгоҳи Ҳоҷа Ҳасан “Гавҳорасанг”, Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Солеҳ , Қалъаи Қаратоқ Санги бузургвор”,Мазори “Дарвоза”, Катибаи сангии Муҳаммадоқсақолро зоирон аз гўшаҳои мухталифи мамлакат ва берун аз он зиёрат мекунанд.
Дар Қаратоқи қадим косибӣ, алочабофию қолинбофӣ, кулолгариву оҳангарӣ, чармгариву заргарӣ ривоҷ ёфта буд, ки дар гузашта сокинони гузарҳои Кулолӣ, Чармгарӣ, Мисгарон, Мехгарон, Заргарон ба ҳунармандӣ шуғл доштанд, ки то ҳанўз касбу ҳунар пешаи мардуми Қаратоқ ба ҳисоб меравад.
Бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии дара дар 2 осорхона бо беш аз 5300 нигораҳо маҳфуз гардидаанд.
Мавзеъҳои фароғатии дара сол то сол афзуда, айни замон 12 мавзеъҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доранд.
Каратоқ ҳамчун дараи дорои таърихи куҳан фарҳанги қадима имкониятҳои зиёди вусъати сайёҳиро доро буда, рушди соҳа метавонад сайёҳонро ба ин гўшаи дилорои Ватан ҷалб намояд.
ДАРАИ ШИРКЕНТ
Дараи дигари шаҳри Турсунзода, ки дорои табиати бою рангин ва мавзеи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, дараи Ширкент мебошад.
Дараи Ширкент дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, нуқтаи баландтарини он дар шимол 4500 метр ва 800 – 1000 метр дар ҷануб аз сатҳи баҳр қарор дорад. Манзараҳои дилрабо, таърихи куҳан, бозёфтҳои геологӣ, намунаи изи динозаврҳо, гиёҳу обҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, дарёи Ширкент, ва мардуми меҳмоннавози дара метавонад диққати саёҳонро ҷалб намояд.
Дарёи Ширкент аз шохобҳои дарёи Сандал ва дарёи Ҳазорхона сарчашма гирифта, 52 км дарозӣ дорад. Дар он моҳиҳои гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ лаққамоҳӣ, мормоҳӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.
Дар баробари рўди Ширкент чашмаҳои мусаффо, обҳои шифобахши маъданӣ, шаршараву рўдҳои кўҳӣ ва обҳои шифобахши зеризаминӣ аз нодироти дара ба ҳисоб мераванд. Обҳои шифобахши “Оби гарав” ва “Кабуд чашма” садсолаҳост, ки зиёратгоҳи мардуми шаҳру ноҳияҳои гирду атроф гардидааст. Чашмаи “Оби гарав” аз ҷиҳати кимёвӣ ба оби Гармчашмаи Бадахшон шабоҳат дошта, дорои элементҳои гуногуни химиявӣ аз ҷумла сероводород буда, давобахши бемориҳои пўст мебошад.
Дар кўҳсори Ширкент мавзеи изи пойи динозаврҳо кашф гардидааст, ки таърихи 90 то 150 миллион сола дорад. Археологҳо дар ин кўҳсор зиёда аз 400 изи се ва чорангуштаи динозаврҳоро пайдо намудаанд, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз мавзеъҳои нодиртарини археологӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ ба ин гўшаи сайёҳии Ватани азизамон сайёҳат менамоянд.
Боиси сарфарозӣ аст, ки шаҳри Турсунзода бо таърих, фарҳанг, касбу ҳунар ва мавзеъҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистони азизи мо мавқеи хос адорад.