Таърихи 30 июли соли 2018 дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати Вализода Абдуқодир Исуф иҷлосияи шонздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) баргузор шуда, чор масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар кори иҷлосия инчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсат, мудирони шуъба, бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони ҷамоатҳои деҳот, иштирок намуданд.
Дар ибтидо котиби Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) ба ивази вакили хориҷшуда ахбор пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки дар ҳавзаи интихоботии «Истиқлол» №10 ба ивази вакили хориҷшуда интихобот баргузор гардида, ба ҷонибдории Холиқзода Салоҳиддин 96, 5 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.
Зимни баррасии масъалаҳои дуюм ва сеюм аз ҷониби вакилон вобаста ба эътироф намудани ваколати вакилӣ ва узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, ислоҳоти замин ва ҳифзи муҳити зист интихоб намудани Холиқзода Салоҳиддин қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идома масъалаи чоруми рӯзнома-тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раисикунанда изҳор дошт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёд, таъмир ва таҷдиди 245 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то таҷлили ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Зимни музокирот вакил аз ҳавзаи интихоботи «Заркамар»№31 Усмонов Р. изҳор дошт, ки дар маркази ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бунёди боғчаи кӯдакона барои 250 нафар кӯдак дар нақша дорад, аз ин рӯ пешниҳод намуд, ки иншооти мазкур низ ба Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад.
Ҳамчунин вакил аз ҳавзаи интихоботи «Қаратоғ» №36 Холов С. баромад намуда, изҳор дошт, ки бунёди майдони варзишӣ низ ба нақшаи мазкур ворид карда шавад.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзнома Абдуқодир Вализода вакилонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи нақшаи мазкур даъват намуд.
– Бо боварӣ метавон гуфт, ки вакилони халқ тамоми малакаю таҷрибаи кории худро ҷиҳати иҷрои нақша ва амалҳои созанда равона менамоянд, изҳор дошт, расикунанда.
Иҷлосияи шонздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилонихалқи шаҳр бо қабули қабули қарорҳои дахлдор кори худро ба итмом расонид.
КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР