Аҳолӣ Иҷтимоиёт Хабарҳо

МАҚСАД- ОБОДИИ ДЕҲОТ

print

Санаи 17 июли соли равон ситоди Комиссияи шаҳрӣ оид ба гузаронидани озмуни “Деҳаи ободи ман” ҷиҳати муайян намудани беҳтарин  деҳот бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба кори худ шуруъ намуд.

        Ситод таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр, раиси комиссия Солеҳа Холова баргузор шуда, дар рафти он раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагон шуъбаҳои фарҳангу маориф, ҳифзи муҳити зит, бахши ҷавонон ва варзиш ва кормандони ВАО ширкат варзиданд.

         Раиси комиссия Солеҳа Холова  тартиби гузаронидани озмун ваколатҳо, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Комиссия мавриди шарҳ дода, ба ҳозирин шарт ва нишондиҳандаҳои озмунор тавзеҳ дод

         Қайд гардид, ки ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати муайян намудани деҳаи беҳтарин дар ҳудуди худ озмун гузаронида, ҳар кадоме 3 деҳаи ғолибро ба Комиссия тариқи хаттӣ бо сабти видеоӣ ва протокол пешниҳод менамояд .     Дар ин радиф аз ҷониби комиссия сохтмони иншооти маишӣ,  сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ вазъи муассисаҳои таълимӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, симо ва ҳолати хонаҳои истиқоматӣ ва тозагии деҳаҳоро  мавриди санҷиш қарор гирфта, комиссия ғолибонро муайян менамояд.

        Дар идома миёни ҳозирин вобаста ба баргузории рӯзҳои санҷиш ва тартиби баҳогузорӣ миёни аъзои комисия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Озмун то охири сол идома ёфта, дар ҷамъбаст ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *