Дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 40 нафар иштирокчиёни ин ҳамоиши иқтисодӣ имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам пазироӣ ва бо як қатор корхонаҳои саноатӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр шинос намуданд. […]
Таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Турсунзода Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ доир ба фаъоияти Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода дар соли 2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор шуд. Натиҷаҳои фаъолияти нозиротро ҷамъбаст намуда, Собирзода Ғафурҷон иброз дошт, соли 2021 рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр таъмин ва нақшаи буҷети шаҳр иҷро гардида, музди меҳнати корхонаҳои буҷетӣ, нафақа ва ҷубронпулиҳо сари вақт […]
Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон шуда, тавозуни он аз байн меравад. Ҳамзамон коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад. Бо […]