АХБОРИ
КОМИССИЯИ ШАҲРИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАЪВАТИ ПАНҶУМ БА ИВАЗИ ВАКИЛИ ХОРИҶШУДА
Комиссияи шаҳрии интихобот маълум менамояд, ки дар асоси қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 2 апрели соли 2018, №164 санаи 1 июли соли 2018 дар ҳавзаи интихоботии “Истиқлол” №10 бар ивази вакили хориҷшуда интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум баргузор мегардад.
Дар ҳавзаи интихоботии “Истиқлол” №10 Холиқзода Салоҳиддин Шариф директори ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои Барқ”-и шаҳри Турсунзода аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба номзадии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода пешниҳод гардид.
Комиссияи шаҳрии интихобот