Аҳолӣ Маориф Нақшаҳо Тандурустӣ Территория Хабарҳо

“Эҳтиёт ними ҳаёт”

print

Тибқи нақша чорабиниҳои Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқудда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода санаи 05 июни соли 2018 барои иштирок дар машғулиятҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар толори маҷлисгҳои Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода оиди мавзӯҳои таълимӣ бо дараҷаи “Роҳбарони синфҳои 2 ва 6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми”-и шаҳри Турсунзода ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ афсарони калони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, ба иштирокчиён ҷиҳати фаҳмонидани Санадҳои  меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 

“Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор” ҳамчунин гузаронидани чорабиниҳои зиддисухторӣ ва бартарафсозии сухтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Гузаронидани чунин омӯзишҳо барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда махсусан дар минтақаҳои селгузар, дарёҳои тезҷараён, ки мавсими гармӣ ва оббозии наврасон дар каналу дарёҳо расидааст, бисёр ҳам бомаврид мебошад.

Чуноне мегуянд “Эҳтиёт ними ҳаёт”. Албатта имрӯзҳо ба гушҳо мерасанд, ки дар натиҷаи надонистан ва ё риоя накардани қоидаҳои ин ё он ҳолатҳои фавқулодда махсусан кӯдакон ба ҳалокат расидааст. Кудакон дар бораи эҳтиёт аз ҳолатҳои фавқулодда тасаввур ва дарк ҳам надоранд, вале аз ҳама гуна хавф ва ҳолатҳо нигоҳ ва эмин доштани онҳо вазифаи ҳар яки мо бахусус волидайн, омӯзгорон ва тамоми калонсолон мебошад.

Омӯзиши таълимии имрӯза низ дар бораи ҳамин буд, омӯзиши таълимӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

АлишерМирзаев,

сармутахассиси чорабиниҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Турсунзода

Дар акс лаҳзаҳо аз чорабинӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *