Аҳолӣ Нуқтаи назар Сиёсат Хабарҳо

ИЗҲОРОТ

print

алайҳи мақолаи Сиддиқи Акбар бо унвони «БЕКОРӢ, ЗУЛМ В   НОАДОЛАТӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ДИН, САБАБҲОИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДГАРО», ки дар хабаргузории Восток-Нюз дарҷ гардидааст

Мақоли пурҳикмати тоҷикӣ ҳаст, ки мегуяд: «Ҷавоби аҳмақ сукут…». Як ҳарзагӯйии кадом як Сиддиқи Акбарро дар хабаргузории Восток-Нюз мутолиа кардаму мақоли болозикр ба ёдам омад, вале баъд аз чанде фикр кардам, ки агар ҳарзагӯйии чунин аҳмақонро ба инобат нагирему «Ҷавоби аҳмақ сукут…» гӯем, боз мешавад оне, ки аз суиистифодаи ҳамин мақол, мутаассифона дар авохири қарни гузашта рух дода буд.

Беэътиноӣ овард бар он, ки имрӯз мо тамоми самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маърифати ҷомеаро аз сифру аз ҳеҷ ба рушду нумуъ моил намудем. Агар ҳамон беэътиноӣ зоҳир намешуду ҳарзагӯиву балво, тӯҳмату иғво бар авҷи аъло намерасид ва мардуми гумроҳ пайи он ҳарзагӯён намешуданду кишвари тозаистиқлолро ба харобазор табдил намедоданд, мо имрӯз барҳақ дар тамоми самтҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат аз беҳтарину пешрафтатарини кишварҳои дунё мебудем. Чунки имконоти воқеӣ на барои бартараф кардани натоиҷи нангини ҳарзагӯии он аҳмақон, балки барои таъмини рушди ҷомеа масраф мегардид.

Сиддиқи Акбар, ба рости ин ҳарду ном барои ту ҳаром аст, на садоқат дориву на кабирӣ. Агар номи ту Хоини Сағир мешуд, фикр мекунам бар кирдору аъмолу васфат мутобиқу мувофиқ мебуд. Аз далоили дар матлаб овардаат танҳо чунин хулоса баровардан мумкин асту бас. Аз ин рӯ ту на Сиддиқи Акбар, балки Хоини Сағир ҳастӣ ва аз хонандаи азиз ҳоҳиш менамудам, ки минбаъд ҳамин тавр ҳисобад.

Хуб, ба ҳар ҳол бармегардем ба матлабе, ки инҷо сабаби гуфтор гардидааст. Хоини Сағир дар матлабаш овардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби ҷалби ҷавонон ба тундгароиро дини мубини Ислом медонад ва Исломро дар тундгаро шудани ҷавонон ва пайвастан ба гуруҳҳои тундгаро муқассир дониста, намоди онро ришу сатру ҳиҷобу масҷиду мадрасаву намозу Куръон дониста, аз ҳамаи инҳо ҷилавгирӣ мекунад.

Эй Хоини Сағири лаъин, магар чашмонат кӯру гушонат каранд, ки озодии дину виҷдонро дар ҷомеаи Тоҷикистон намебиниву садои қироати сураҳои мубораки Қуръони Каримро дар ҳар хонадону масоҷид намешунавӣ? Магар кар ҳастӣ, ки суханони Пешвои миллати тоҷик: «Террорист дин, миллат ва ва мазҳаб надорад»-ро нашунидӣ? Ин кӣ буд, ки динро бар сиёсат омехт ва ҷавонони раҳгумзадаро бар дасташон яроқ доду бар куштору ғорат роҳнамоӣ кард? Магар туву хоҷагонат ба мисоли Нуриву Кабирӣ ва Назарзодаву дигарон набудед, ки динро ниқоб карда, мақсадҳои манфури худро амалӣ намудан хостеду ҳоло ҳам ин мақсади разилонаатонро мисли каждуми зери бурё дар тиннати пастатон мепарваред?

Хоини Сағир, туву ту баринҳо аввал ба суолҳои боло дар тиннати пасти худ ҷавоб пайдо намоед ва баъдан ба суи бунёдкорону созандагони амну субот ва рушду нумуи сарзамин санг андозед, агар ба он қидир бигардед.

Дар бораи ришу сатру ҳиҷобу мадрасаву намозу Қуръон, ки мисли морони дар китфони Заҳҳок фаш – фашкунанда ба забони касифат овардаӣ. Риш мондан дар ҷомеаи мо мамнуъ нест, ҷомеа аз туву ту баринҳо талаб менамояд, ки ҳамон ришро ба мисоли буз неву ҳамранги одам бимонӣ. Сатр, тавре ки фарҳанги ҳазорсолаи тамаддунофари тоҷик талаб менамояд дар ҷомеа мамнуъ нест, агар инро надониста бошӣ. Ун сатру ҳиҷоберо, ки туву ту баринҳои палиди косалесони хоҷагони бурунмарзиатон мехоҳед бар ҷомеаи озоду дунявии мо ворид намоед, фақат боиси маҳдудияту тарс ва фисқу фуҷур асту бас. Зиёд дидаем, зери ҳиҷоб чӣ фисқу фуҷурҳо рӯй додаанд.

Кӣ касе метавониста бошад, ки садди намоз бигардад? Магар ин имконпазир аст, вақте ки ибодат кори мутлақо шахсии банда мебошад? Дар ин самт низ Хоини Сағир иштибоҳ намуда, хонандагони аз асли воқеа бехабарро раҳгум занониданист.

Бобати бастани масоҷид. Туву ту баринҳо садқаи масоҷид гардед, ва агар имкон барои ман даст медод, шумо баринҳоро аз масоҷид фарсахҳо дур меандохтам. Ба хонандаи аз асли мақсад бехабар гуфтаниям, ки дар ҷомеаи мо масоҷид баста нашудааст, тавре ки Хоини Сағир арзёбӣ мекунад ва ҳамзамон касе садди роҳи ибодат дар масоҷид нест. Хонандаи азиз бояд донад, ки масоҷид макони ибодату асту розу ниёз бо худованд, вале хоинони дину мазҳаб он макони қудсиро ба макони разолату ҷаҳолат, туҳмату хиёнат, ғайбату касофат табдил дода буданд дар замоне, ки мо ба лаб муҳри хомушӣ зада будему мегуфтем, ки «Ҷавоби аҳмақ – сукут…». Ана ҳамин гуна маконҳо, ки ба ном масоҷиду аз васоити оддитарини ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ маҳрум буданд ва ба сарчашмаи бемориҳои ҳам равониву ҳам ҷисмонии сироятӣ метавонистанд табдил ёбанд, то бартараф кардани ишколоташон муваққатан баста шуданд, ки ин тибқи тамоми тамоулу оин ва қавонин дуруст ҳам ҳаст.

Дар бораи таъмини ҷойи кор. Бале, ин вазифаи роҳбарияти ҳар давлату ҳукумат аст. Ана ҳамон Нуриву Кабириву Сағириву Назарзодаҳо буданд, ки Тоҷикистони биҳиштосоро ноором карданду иқтисоди онро касод. Маҳз шумо манфурон омил гардидед, ки мардуми тоҷик муҳоҷир шавад. Лек имрӯз тоҷики фидоӣ, ватандусту ҷоннисор, марди фарзона, Пешвои муаззами миллат ин ҳама натоиҷи дасисаву тафриқаандозиҳои шуморо ислоҳ карда, ҳамасола садҳо корхонаҳои навини хурду азимро ба кор андохта, ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро таъсис медиҳад. Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, хонандаи азиз хуб медонад, ки ин падидаи иҷтимоӣ дар таҷрибаи давлатдории тамоми кишварҳои дунё ҳаст ва он боқӣ мемонад, чунки эҳтиёҷоти инсон номаҳдуд аст ва хушбахтона инсон аз марраи расидааш ҳеҷ гоҳ қонеъ нашудаасту ҳамеша боз болотару пештар рафтанист ва ҳамин хусусияти он омили асосии муҳоҷирати меҳнатист. Агар тоҷикону ӯзбекон, қирғизону қазоқҳо ба Руссия барои муҳоҷират раванд, русҳо ба Аврупо, аврупоиҳо ба Амрико ва ғайра муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр менамоянд. Хоини Сағир ҳарзагӯйиро як сӯй гузораду бояд ба омори кишварҳои дунё вобаста ба муҳоҷират назар афканад.

Хоини Сағир дар матлабаш овардааст, ки озодандешон экстремисту террорист эълон шудаанд дар кишвари мо. Шарм дор эй нохалаф. Ба хунрезӣ даъват кардани Нурӣ, пинҳонӣ, мисли кӯрмуш аз зери хок, мардуми гумроҳро барои ивази мазҳаб моил кардани Кабирӣ, бо яроқ табаддулот кардани Назарзода ва ғайраҳо магар озодандешист? Талафоти беш аз 150 000 нафар мардуми бегуноҳ, муҳоҷирати сиёҳрӯзии қариб 1,5 млн нафар мардуми раҳгумзада натиҷаи «озодандешӣ»-и ҳамон Нуриву Кабириву Назарзодаҳо нест? Хоини Сағир пеш аз санг андохтан бар ҷомеаи ободи мо аввал ба ин суол ҷавоб деҳ.

Дар бобати хешу таборчигӣ дар мақомоти ҳукуматӣ. Хонандаи азиз дуруст медонад, ки ҷомеаи мо бар хилофи ҷомеаи кишварҳои ғарб аз оилаҳои сернуфус ва донандаву эҳтиромкунандаи авлоду аҷдоди худ иборат аст. Ҳар як тоҷикистонӣ ба якдигар робитаи хешутаборӣ дорад, ки ин масъала мисли аксиома ба исбот ҳеҷ эҳтиёҷе надорад. Инҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки Хоини Сағир барин ҳангомаҷӯёни манфуру разил вақте, ки мисли мори нимкушта печу тоб мехуранду боз мехоҳанд ба атрофиён заҳр зананд, ҳангоме, ки дар ҷомеаи ободу бошитоб пешраванда айбе намеёбанд, ҳар баҳонаеро пеш меоваранду санг меандозанд бар ободӣ. Инҷо мақоле ба ёд мерасад: «Душман агар айбат наёфт, думи сагатро каҷ эълом медорад», ки ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Гузашта аз ҳама гуфтаҳои боло туҳмату тафриқаангезӣ, сафсатаву ҷудоиандозиҳои Сиддиқи Акбарро, ки Хойини Сағираш хондем, қотеона маҳкум менамоем ва ба хонандаи азиз ва солимфикр ёдрас мекунем, ки сулҳу субот, оромиву осудагӣ, ваҳдату ягонагӣ маҳаки асосии рушди ватану ҷомеа мебошад. Бо нигаронӣ аз чунин сангандозиву тафриқаангезӣ, тӯҳмату балво, роҳгумзанониву фиреби Хоинони Сағир тамоми мардуми равшанзамирро ба пос доштани мақому манзалати кишвари ободу Сарвари оқили он даъват менамоем. Ба мағзи пучи он Хоинони Сағир расониданием, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имрӯз ба ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодӣ, пойдории сулҳу суббот, оромию амният, ки тавассути ҷонбозиҳои ҳазорон нафар фарзандони ватандӯст ба даст омадааст, умеди комил ва шикастнопазир дорад ва дигар ҳеҷ кас фирефтаи суханпардозиҳо ва найрангҳои шумо намегардад. «Тушбераро хом шумурдаед»…

Ањмад Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *