Аҳолӣ Маориф Нақшаҳо Хабарҳо

МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ

print

Санаи 4-уми майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиноҳои Шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», амри Раиси шаҳри 

Турсунзода №150, аз 11 декабри соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани нишондиҳандаҳои ташкилию методӣ ва нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои асосии шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Коллеҷи омӯзгорӣ бо мақсади ҳифзи хонандагон, омӯзгорон ва аҳли оилаи омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода комиссияи эвакуатсионӣ ташкил гардида, тибқи нақша ҷорабинии махсуси машқӣ ва тактикаи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур аз рӯи сенария ва нақшаи тақвимӣ гузаронида шуда, бо задани бонги хатар оғоз гардид. Тибқи фармоиши сардори мудофиаи гражданӣ машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ тамоми хонандагон ва омӯзгорони муасисса ба минтақаи бехавф гузаронида шуданд, ки барои осебдидагон нуқтаҳои кӯмаки тиббӣ омода буд. Мувофиқи сенария ҳангоми эвакуатсия бояд як нафар ҳамчун зарардида дар зери бино қарор дошт. Гуруҳи наҷотдиҳии зудамал оҷилан ба нуқтаи зарардида ҳозир шуда, нафари зарардидаро наҷот дода, эҳтиётан ба нуқтаи тиббӣ расонид. Қисмати дигари чорабинӣ аз он низ иборат буд, ки ҳангоми ҳолати фавқулодда минтақае аз оташ зарар медид. Бо фармони сардори ситод гуруҳҳои наҷотдиҳӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо асбобҳои оташхомӯшкунӣ ҳодисаро бартарафнамуда, ба зиёд шудани зарар имкон надоданд.

Баъд аз чорабиниҳои мазкур сардори ситод оид ба ҲФ ва МГ-и «Коллеҷи омӯзгорӣ» ба сардори мудофои гражданӣ оид ба гузаронидани чорабинӣ гузориш дод. 

Роҳбарияти муассиса барои иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур ба гуруҳҳои наҷотдиҳӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Рафти чорабиниро сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода майор Ҷ.Худойбердиев қаноатбахш дониста, ҷиҳати  боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ пешниҳоду таклифҳо намуд. 

Мақсад аз гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ дар муассисаву ташкилотҳои шаҳри Турсунзода омода будани аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Баргузории машқҳои махсуси тактикӣ дар муассисаву ташкилотҳои шаҳри Турсунзода идома дорад.

А.Мирзоев, сармутахассиси чорабиниҳои  ҳолатҳои фавқулодда.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *