Дар шаҳри Турсунзода таҷлили 107 солагии зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик, вассофи дӯстии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 40 солагии ба номи шоир номгузорӣ шудани шаҳри Регар (Турсунзода) нахуст аз гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи устод оғоз гардид.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, адибони соҳибсухани тоҷик устод Аскар Ҳаким, устод Алӣ Бобҷон, устод Ато Ҳамдам, устод Рустами Ваҳҳоб, адибаҳо Маҳбуба Неъматзода, Латофат Кенҷаева ва директори фестивали китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон Ҳусейн Сафарзода иштирок намуданд.
Дар идома ба ин муносибат дар саҳни кохи “Дӯстӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дастони ҳунармандони наврас ва ихтироъкорони ҷавон ба намоиш гузошта шуд.
Устодон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ муовини вазири маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, ва гурӯҳи адбонро бо шеърҳои устод Мирзо Турсунзода ва гулдастаҳо пешвоз гирифта, намунаи ҳунар ва маҳсули маҳфили ихтироъкорони ҷавонро муаррифї намуданд.
Навқаламони маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” шеърҳои тозаэҷоди худро қироат намуда, ба меҳмонон китоби тозанашри “Гулханди ғунчаҳо”- ро тақдим карданд.
Дар намоиши ҳунарҳои мардумии МТМУ№12 деҳаи Каратоғ, ки зодгоҳи шоир аст, дуки модари устод Мирзо Турсунзода ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Ҳамзамон дар кохи “Дӯстӣ”- конфронси илмӣ баргузор ва барномаи фарҳангӣ рӯи саҳна оварда шуд.
Дар ибтидо раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳозиринро ба ифтихори таҷлили зодрӯзи мунодии сулҳу бародарӣ ва ҷашни шеъру адаб табрик намуда, изҳор дошт, ки шеъри устод Мирзо Турсунзода дар лаби дарёи Қаратоғ эљод шуда, дар дили мардуми сулҳдӯстӣ олам маъво гирифта, сарзамини қалби сулњхоњонро шодоб гардонид.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, шоирони соҳибкаломи муосир-устод Аскар Ҳаким, устод Алӣ Бобҷон, адибаи шинохта аз шаҳри Самарқанд Маҳбуба Неъматзода ба ифтихори шоир бо самимият сухан карданд.
Дар барномаи фарҳангӣ хонандагон порча аз достон ва ашъори шоир қироат намуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ашъори устодро бо навои дилошӯб замзама намуданд.
Тантанаи зодрӯзи шоир бо шаҳомати хоса таҷлил гардид.