Таҷлил Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

print

 

Ба муносибати 73-солагии Рӯзи Ғалаба ба 10 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода мукофотпулии якдафъаина супорида шуд.

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф собиқадорони ҶБВ-ро аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба яки онҳо чор ҳазор сомонӣ  кӯмакпулӣ супорид.

Ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода собиқадоронро рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагӣ арзёбӣ намуда, ба онҳо кӯмакпулии мақомоти иҷроияи шаҳрро ба маблағи 2000 сомонӣ супорид.

 Дар ин радиф Файзуллозода Шараф ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони барҷомондаро аёдат намуда, табрикот ва мукофотпулии роҳбарияти давлатро ба онҳо тақдим намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *