Ба муносибати 73-солагии Рӯзи Ғалаба ба 10 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода мукофотпулии якдафъаина супорида шуд. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф собиқадорони ҶБВ-ро аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии […]
Day: 03.05.2018
ТАНТАНАИ ЗОДРӮЗИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Дар шаҳри Турсунзода таҷлили 107 солагии зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик, вассофи дӯстии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 40 солагии ба номи шоир номгузорӣ шудани шаҳри Регар (Турсунзода) нахуст аз гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи устод оғоз гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, адибони соҳибсухани тоҷик устод Аскар Ҳаким, устод Алӣ Бобҷон, устод Ато […]
МИРЗО ТУРСУНЗОДА
ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ШЕЪРИ МИЛЛАТ ВА ШЕЪР БАРОИ ИНСОНИЯТ АСТ. ТАМОМИ ЗИНДАГИИ Ӯ ТИМСОЛИ ДУРАХШОНИ ХИЗМАТИ СОДИҚОНАИ ЯК ФАРДИ ЗИЁӢ БА НАФЪИ ХАЛҚУ ВАТАНИ ХЕШ МЕБОШАД. МЕҲРИ Ў ДАР ОШЁНИ БАЛАНДТАРИН – ДИЛИ ХАЛҚ МАЪВО ГИРИФТААСТ ВА ХАЛҚ ХОТИРАИ НЕКИ ФАРЗАНДИ МАҲБУБИ ХЕШРО ТО АБАД ҲИФЗ ХОҲАД КАРД. […]