Нуқтаи назар Сиёсат Хабарҳо

ИСЛОМ ДИНИ ТЕРРОРИСТОН НЕСТ!!!

print
Олими дин нестам, аммо вақте терроризмро ба ислом шабеҳ медиҳанд, рости гап дар ҳайрат мемонам. Охир ин тавр нест! Китобҳои таълимотӣ исломӣ, “Чаҳоркитоб”, “Рӯҳи Ислом” ва инчунин Каломи шарифро низ варақ задам. Дар ягон саҳифаи он даъват ба куштору бадӣ нахондам. Аз хондаҳоям дарк кардам, ки ислом имон ба Худои ягона, покӣ, раҳму шафқат ва ёриву бародарист. Муъмин касест, ки инсонҳо худро навобаста аз дину оин дар назди ӯ дар бехатарӣ  эҳсос мекунанд.

Пас чаро терроризмро ба ислом шабоҳат медиҳанд? Маънои истилоҳи “террор” дар  луғат ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омада, терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Чунин истилоҳ ва ҳаммаънои онро дар ягон адабиёти исломӣ  мушоҳида накардаам.

  Аммо афсус дар майдони ҷанги итттилоотӣ  на ба  пешрафти  илму техника, иқтисодиёт, фарҳанг ва варзиш балки дунёи ислом ҳамчун дунёи ҷангу ҷидол инъикос мегардад…

 Мутаассифона мини мо ҷавононе пайдо шудан, ки ба гуруҳҳои ифротӣ рӯ оварданд, ки нишонаи бесаводии мебошад.  Афсус, ки як гуруҳ ашхос номи мулки биҳиштосои моро низ бо терроризм олуда карданд. Исми поки зоти таборак таъоло “Аллоҳ акбар”-ро барои расидан ба ҳадафҳои хуношом истифода бурданд. Худро пуштибони ислом эълон дошта, ҲНИТ-ро офариданд. Дӯстдори Худаву Расул миёни уммат тафриқа намеандозад. Аммо ташкили ҳизб нишонаии тафриқаи байни мулумонҳост. Нафратам меояд, ки чаро тариқи номи бузурги Аллоҳ ва дини мубини ислом хостанд наҳзатиҳо ниятҳои муғризонаи худро амалӣ созанд. Мақсади онҳо ғасби  ғайриқонунии давлат буд, хостанд ҳарф аз ислом гӯянду амали ғайриисломӣ кунанд… Паси пардаи ин дини муборак муғризона амал карданд, яроқ ҷамъ карданд,  аммо Худованд бузург аст… Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад.

Мо толиби сулҳу дӯстиву амонӣ ҳастем. Мо роҳи шукуфоӣ, озодиву ободиро интихоб кардаем ва собитқадамона пеш меравем.  Мо соњиби имону тавфиқем ва ба илму техника, фарҳангу варзиш сарукор дорем, дар масоҷид дуо мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо бидуни ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тараққӣ бошаду рушду нумуъ ёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *