Тамоку ва зарари он. Дар ин хусус маротибаҳо мутухассисону табибон ва олимон гуфтаанд ва мегӯянд. Бо далелу исботҳо. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо сабаби тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар мемиранд. Заҳри тамоку ба сар задани бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайра омил мешавад. Даҳшат!
Дар ҷумҳурии мо теъдоди сигоркашу носкашҳо хеле зиёданд. Аслан ин ду чизи зарароварро воситаи «ғамбарориву кайфият» медонанд. Аз рӯйи ҳақиқат носу сигор баробари ба буҷаи оила зарар оварданашон одамро ба бемориҳое, ки дар боло зикарашон намудем, гирифтор менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯйи таҳлили муҳаққиқ сигоркаши 35-сола нисбати ҳамсоли солимаш, ки сигор намекашад, 7 сол камтар умр мебинад.
Боре як табиби шиносам дар нишасте ба носкашу сигоркашҳо таъкид намуд: «Носу сигор натанҳо боиси хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас ва шуш мешаванд, балки ба дандонҳо зарар расонда, даҳонро бадбӯй мегардонанд. Бар замми ин, дуди тамоку боиси ангезиши саратони лабҳо ва кому даҳон мешавад». Модаме ки сигору нос ба саломатии мо хатари ҷиддӣ меоранд, чаро ин ду чизро мавриди истифода қарор медиҳем? Ҳатто бо бемасъулиятиву бепарвоии хеш фарзандони ноболиғамонро низ сигоркашу носкаш намудаем. Не, нагӯед! Ҳа, гӯед! Баъзеҳо ба ҷойи фарзандонашонро насиҳат кардану аз роҳи сигоркашиву носкашӣ баргардондан, баръакс рӯ меоранд ба онҳо: «Бачам, сигор ё нос дорӣ?». Худашон, ки бо таъсири заҳри тамоку – никотин ба беморие гирифтор шудаанд ва муолиҷааш душвор аст, акнун фарзандонашонро, ки бо беаҳамиятиашон нос ё сигор мекашанд, ба вартаи беморӣ тела медиҳанд. Ба ёд намеоранд, ки саломатӣ гавҳари ноёб асту истифодаи носу сигор ба чанд беморӣ мубтало месозанд. Ин бемасъулиятии эшон аз он далолат медиҳад, ки моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» – ро заррае риоя намекунанд. Яъне ин моддаи Қонун таъкид менамояд ки «барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво) маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос, ва маводи сахттаъсирро) манъ намоянд».
Ҳамчунин тибқи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи маҳсулоти тамоку маҳдуд карда шудааст. Ин қонун талаб менамояд, ки фурӯши сигор, папирос, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ манъ карда шавад ва бояд муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар дохили бинои маъмурии худ ҳуҷраи махсус ё ҷойи махсуси сигоркашӣ дошта бошанд. Мутаассифона, ин таъкиди қонунро на дар ҳама ҷо риоя мекунанд. Ҳамчунин қонун муқаррар намудааст, ки ба истиснои ҷойҳои махсус ҷудокардашуда барои кашидани носу сигор ҷарима таъин шудааст.
Дар бораи манъи тамокукашӣ далелҳои ҷолиб мавҷуданд. Агар рӯ ба таърих орем, бори нахуст соли 1856 дар Ҷопон тамокукашӣ манъ карда шудааст. Соли 1950 дар Амрико оид ба тамоку таҳқиқот гузаронида шуд. Баъди ин таҳқиқот ҳукумати ИМА низ дар бораи манъи тамоку қонун баровард.
Бармегардем ба нос, ки бетаъбтарин маҳсулоти тамоку аст. Одами солим дар ҷойҳои ҷамъиятӣ носи туфкардаро дида хеле хиратабъ мешавад, дар шаъни носкаш суханони носазо мегӯяд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу тамоку бошад, аз як сӯ қонуншиканӣ, аз дигар ҷониб бефарҳангист.
Аз ин лиҳоз, дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷойҳо роҳбаронро лозим меояд, ки доир ба зарар ва манъи носу сигоркашӣ бо зердастонашон корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро ҷоннок намоянд, ба таъмини тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд. Инчунин оид ба ин мавзуъ гузаронидани чорабиниҳо аз фоида холӣ нест.
А.ИКРОМӢ,
рӯзноманигор.