Ҷавобан ба ин Муроҷиатнома омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мо низ ба шанбегиҳо иштирок карда, дар ободу зебо гардондани гӯшаву канори шаҳри азизамон саҳм гузошта истодаанд. Воқеан гузаронидани ҳашару шанбегиҳо муҳитро зебову хуррам мегардонад. Дар ободонии кӯчаву хиёбонҳо ташаббускориҳои роҳбарияти шаҳр хеле назаррасанд.
Чанд мисол меорем. Як қисми кӯчаҳои П.Тоҷиев ва М.Турсунзода -атрофи Бозори марказӣ ва ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» дар ҳукми бетартибӣ ё худ ба ҷойи савдои савдогарон табдил ёфта буд. Роҳҳои мошингарди ин самти кӯчаҳо низ бо нақлиётҳои мусофиркаш пур буданд. Оид ба ҳаракати онҳо бетартибиҳо ҷой доштанд. Барои пиёдагардҳо монеа эҷод мекарданд. Хуллас, дар ин самт на тартиб буду на назорат. Аз ин мардум изҳори нигаронӣ доштанд. Имрӯз бошад, ин «манзараҳо» барҳам хӯрдаанд. Албатта бо кӯшиш шаҳрдорон. Одамон акнун дар кӯчаву хиёбонҳои номбаршуда озодона ҳаракат мекунанд. Нақлиётҳо низ.
Мо аз он фахр мекунем, ки роҳбари шаҳрамон Вализода Абдуқодири Исуф таваҷҷуҳи ҳамдиёронамро барои боз ҳам шукуфон намудани шаҳру деҳотамон ҷалб менамояд. Дар ин бора ба ӯ аҳсант мегӯем. Ва ҳар бор ин суханони бузургворро ба хотир меорем: ватандӯст оне, ки Ватан обод мекунад.
Фарзона ФАЙЗИЕВА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти
тоҷики МТМУ №7-и шаҳри Турсунзода.
ИЗТИРОБ
Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. Ин манзараҳо роҳгузаронро кайфияте мебахшанд.
Барои офаридани ин манзараҳо гуруҳи одамон заҳмат кашиданд. Аз ин ободкориашон на танҳо онҳо, балки нафароне, ки аз назди гулдонҳо мегузаранд, масрур мешаванд. Аммо баъзеҳо, ки аблаҳаш ном мебарем, ба корҳои ободонӣ истиснод меоранд. Ба ҷойи машғули ободгарӣ шудан даст мезананд ба табоҳкорӣ.
Нигаред ба ин акс. Ким – кадом аблаҳе бо нақлиёташ гулдонро шикастааст. Албата ронанда «кӯр» набуд, бино буд. Ва шояд қасдан ба ин амали номатлуб даст задааст. Худро «қаҳрамон» ҳам пиндоштагист.
Ин қабилҳо садқаи манзараҳои зебои шаҳрамон шаванд! Ва мо шаҳрдоронро лозим меояд, ки садди роҳи ин гуна аблаҳон шавем. Нагузорем, ки аз ҷониби онҳо ба манзараҳои зебои шаҳрамон осебе расад. Бале, чунин бояд кард…
А. КӮҲЗОД.