Иҷтимоиёт Фарҳанг

 ҲАҚҚИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

print

      Ҳамд бар Худо, дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ба номи Худованди бахшоянда ва бахшандаи меҳрабон.

Саҳобагони ислом аз Паёмбари ислом пурсиданд: «Ай расули Худо, мусалмони ҳақиқӣ  кист?» Гуфтанд расули Худо (ман салимал муслимуна  мин лисониҳи ва ядиҳи) – яъне мусалмони ҳақиқӣ ҳамон мусалмонест, ки аз дасту забони ӯ касе озоре наёбад. Яке аз ҳуқуқи мусалмон дар дин, ин ҳаққи ҳамсояро донистан аст. Мусалмони ҳақиқӣ аз содир кардани гуноҳҳое, ки ҳуқуқи ҳамсояи худро поймол мекунад бештар метарсад.Зеро ҳар яке аз ин гуноҳҳо  аз дунболи худ оқибатҳои бештар ногувор меоварад ва нисбат ба он ҷиноят, ки бар зидди дигар кас содир шудааст, вазнинтар ба ҳисоб мераванд.  Суханони расули Аллоҳ Муҳаммад (с) исботи ин гуфтаҳо шуда метавонанд. Дар хабар омадааст, боре Паёмбар саҳобагони худро пурсиданд: – Зинокорӣ чист?. – Онҳо ҷавоб доданд: «Ин чизест, ки Аллоҳ ва расули Ӯ манъ кардаанд.

Пас Паёмбар ба аҳли асҳоб фармуданд: «Ба дурустӣ, ки агар шахс ва ё нафаре ба даҳ зан зино кунад, барои вай ин он қадар оқибати нохуш надорад, ки бо зани ҳамсояи худ зино мекунад!» Баъди ин Паёмбар (с) боз аҳли асҳобро пурсиданд оиди дуздӣ. Онҳо гуфтанд: «Ин он чиз аст, ки Аллоҳи Акбару тавоно ва расули  Ӯ манъ кардаанд». 

    Он гоҳ Пайғамбар (с)  гуфтанд:  «Ба дурустӣ, агар инсон даҳ  хонаро ғорат кунад, ин барои вай он қадар оқибати нохуш надорад, ки дар хонаи ҳамсояи худ дуздӣ содир мекунад.(Ривояти Аҳмад).

Дар ҳақиқат дахлнопазирии ҳамсоя дар ислом ба дараҷае баланд бардошта шудааст, ки қаблан ягон ахлоқ, ягон қонуни муқаррарнамудаи худи одамон ин дараҷаро соҳиб нашуда буд. Алъон имрӯз мушоҳида мешавад. Одамон ба қадру қимати якдигар, қадру манзалати падару модар ва ёру бародар, хешу ақрабо ва ҳамсояи худ намерасанд. Худованд ва фиристодаи Худованд Ҳазрати Муҳаммад (с)  оиди ҳуқуқи якдигар  ва ҳуқуқи ҳамсоядорӣ чиҳо гуфтаанд. Инро бидонем, ки Худованд дар Қуръони азимушаън оиди ҳаққи ҳамсоядорӣ дар сураи Исо ояти 36 мефармояд:  «Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Худовандро парастиш кунед, ба Худованд чизеро шарик наоред ва накӯкорӣ кунед.  Ба падар ва модари худ, ба хешон, ба ятимон, ба гадоён ва ба ҳамсояе, ки хешовандӣ дорад ба ту ва ба ҳамсояе, ки хешовандӣ надорад ба ту, ба ҳамнишини худ ва ба нафаре, ки ӯ беморӣ дорад  ва ба паҳлӯе хоб аст ва ба мусофир ва бар ононе, ки онҳо зердастони шумо ҳастанд, яъне (ходимони шумо) хидмати шоиста намоед». Рост гуфт Худои бузург . Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки аввалан қадру қимати худро бишиносем, баъдан ба қадру қимати он нафароне, ки Худованд зикрамонро дар Қуръон кард бирасем. Паёмбари Ислом ба тамоми аҳли асҳоб, ки шумораи онҳо ба ривояте 124000 мерасид доим оиди ҳуқуқи ҳамсоядорӣ таъкид мекарданд ва яке аз ҳамон аҳли асҳоб ин Абизар (р) мебошад ба ӯ гуфтанд: «Ай Абозар, чун дар хонаат шӯрбо пухтӣ, оби онро бисёр намо ва ҳамсоятро ёд кун». (Ривояти Муслим).

   Имрӯз ба назар мерасад ба як чизи ночизе рӯи нодид ҳамсоя бо ҳамсоя  аст. Инро бидонем, ки фардо рӯзи қиёмат ҳатман пурсида хоҳем шуд аз ҳаққи ҳамсоядорӣ, бояд ба қадру қимати якдигар бирасем. Инро бидонем, ки Худованд ба сурати зебои мо,  ба либоси зебои мо, ба ришу салаи мо назар намекунад, фақат ва фақат ба дилҳои мо ва ба амали шоистаи мо назар мекунад. Биноан кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, ки фардо Аллоҳи меҳрубон моро аз ҳаққи ҳамсоядорӣ ба бадӣ суоламон накунад. Инро бидонем хонаи Ӯ хонаи мо, фарзандони ҳамсоя фарзандони мо, номуси ӯ номуси мост. Бояд ба худ доим суолкунанда бошем, ки чи хидмате ба мардум кардем. Дар охир гуфтаниям:

  Ҳар шаб зи худ бипурс, агар ту мардӣ,

  К- имрӯз чи хидмате ба мардум кардӣ.  

Сӯҳбатулло НОРОВ,

имомхатиби масҷиди ба номи Абӯбакри Сиддиқи

ҷамоати деҳоти Пахтаобод.                                                        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *