Иҷтимоиёт

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

Таърихи 21 апрели соли равон дар майдони     Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода маросими савгандёдкунии беш аз 160 нафар наваскарони қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.     Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода сарбозонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи […]

Иҷтимоиёт Фарҳанг

 ҲАҚҚИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

      Ҳамд бар Худо, дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ба номи Худованди бахшоянда ва бахшандаи меҳрабон. Саҳобагони ислом аз Паёмбари ислом пурсиданд: «Ай расули Худо, мусалмони ҳақиқӣ  кист?» Гуфтанд расули Худо (ман салимал муслимуна  мин лисониҳи ва ядиҳи) – яъне мусалмони ҳақиқӣ ҳамон мусалмонест, ки аз дасту забони ӯ касе озоре наёбад. Яке аз ҳуқуқи […]

Нуқтаи назар Сиёсат

АГАР ҲНИТ НАМЕБУД…

Таърих шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин аст, ки бештар рӯйи ихтилофи динӣ – мазҳабӣ тамаркуз мекунанд. Доираи ихтилофи динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рӯҳонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сӯфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг

ИЗТИРОБ

Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. […]

Хабарҳо

КАДОМЕ МАНФИАТОВАР АСТ:  ДАВИДАН Ё РОҲ ГАШТАН?

    Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки роҳгардӣ фишори хунро ба эътидол медарорад, сатҳи қанднокиро кам карда, садди роҳи гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ ва диабети қанд мегардад. Маълумотҳои дақиқ чунин аст: давидан хатари ба фишори баланд гирифтор шуданро ба андозаи 4,2%, роҳ гаштан бошад 7,2% кам мекунад. Хатари ба бемории қанд гирифтор шуданро давидан 12,1% ва дар […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ШАҲРИ АЗИЗАМ ҲУСНИ ДИГАР ГИРИФТА…

Шаҳри Турсунзода сол аз сол рушд меёбаду обод мешавад ва яке аз шаҳрҳои мутараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар давоми се моҳи соли  равон куллан тағйир ёфтааст. Инро сабабе ҳаст. Чун марди меҳантдӯст Вализода Абдуқодири Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин шуда, фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Пешвои миллат аз корҳои ободонӣ оғоз […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ТАМОКУКАШӢ – ЗАРБА БА САЛОМАТӢ ВА БУҶАИ ОИЛА

      Тамоку ва зарари он. Дар ин хусус маротибаҳо мутухассисону табибон ва олимон гуфтаанд ва мегӯянд. Бо далелу исботҳо. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо сабаби тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар мемиранд. Заҳри тамоку ба сар задани бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайра омил мешавад. Даҳшат!   Дар ҷумҳурии мо теъдоди сигоркашу […]

Иҷтимоиёт

КИТОБИ НАВ

Чанде қабл китоби нави корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми тиб Муродов Файзулло ва Муродов Камолиддин  бо номи «Андешаҳои хирадмандона, иқтибосу фармудаҳо дар бораи солимӣ, тиб ва табибон» бо забони русӣ ба нашр расид. Китоб аз 190 саҳифа иборат буда, саршори ҳикмат аст.  Дар китоб хизматҳои арзишманди табибон ҳамаҷониба инъикос ёфта, таърихи илми тиб […]