Иҷтимоиёт Фарҳанг

ҒАЛАБА ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

print

Дар шаҳри Ялтаи Ҷумхурии Қрим фестивали VII байналмилалии кушоди мусицию адабии «Ялос» ба номи Лев Болдов бо иштироки беш аз 200 шоиру нависанда ва сароянда аз давлатҳои Федератсияи Росия, Белорус, Қазоқистон, Исроил, Молдова, ва  Тоҷикистон баргузор шуд. 
Мақсади фестивал тарғиботи шеъру суруди муосир, таҳкими равобити эҷодӣ ва дўстонаи шоирону бастакорон дар сатҳи байналмилалӣ буда, рафти онро ҳакамон – шоир, бастакор ва корманди шоистаи санъати Федерацияи Росия Владимир Грачёв (раиси ҳакамон), адибон Любовь Матвеева, Тамара Егорова, Ирина Ганжа, Равил Валеев, Ирина Воздвиженская, Игор Семёнов ва Ирина Ермолова ва бастакор Александр Чибизов баҳогузорӣ намуданд.
Тоҷикистонро дар ин фестивал узви маҳфили адабии «Ворисони Турсунзода» Владислав Валов муаррифӣ намуд.
Владислав Валов сурудҳои «Дворец Арбоб» (Қасри Арбоб) ва «Лампа Аладдина» (Чароғи Аловуддин) – ро, ки ба қалами шоир Абдуқаҳҳори Қосим таллуқ доранд, дар сатҳи баланд иҷро намуда, ба гирифтани ҷои якум мушарраф гардид.

Аз ҷониби ҳакамон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода барои дастгирӣ ва саҳми муносиб дар рушди адабиёт «Мактуби миннатдорӣ» ирсол гардида, шоир Абдуқаҳҳори Қосим муаллифи Шеъри беҳтарин» дониста шуд

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *