Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БОЗ ҲАМ ЗЕБО МЕШАВАД

print

Дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ дар авҷ аст.  Хусусан дар гирду атрофи бозорҳо ба танзим даровардани нақлиёт амалӣ гардида, бар ивази танбаи доимии нақлиёт ду шафати роҳҳоро гулдонҳои зебо бо гулҳои шукуфон оро медиҳад.
Хатсайрҳо тибқи самти ҳаракат ба ҷойҳои мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи бехатарии роҳ кӯчонида шуд.
Алалхусус терминали “Ваҳдат-2012”, баъд аз ифтитоҳи ботантана, ки солиёни тӯлонӣ фаъолият намекард, ба кор шуруъ намуд. Яъне, боз чандин саробони оила соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардид .Аз ин таваққуфгоҳ автобусҳо ва нақлиёти сабукрав мусофиронро ба самти шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор сафарбар менамоянд. 

 

Хурсандибахш аст, ки ташаббусҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода дар самти ободонӣ аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо эҳсоси баланди шаҳрдорӣ қабул гардида, ҳамарӯза дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонӣ амалӣ мегардад.
Акнун иморатҳои худсохт ва симтӯрҳои иҳотавӣ, ки ба меъёрҳои фарҳанги шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нестанд, аз маҳаллаҳои шаҳр 

 

бартараф ва бар ивази он қитъаҳои гулкорӣ бунёд мегарданд.
Ҳамдиёрони азиз, мо дар ҳамдастӣ метавонем шаҳри азизи худ, шахри дӯстиву бародарӣ, дарвозаи ғарбии Тоҷикистони маҳбуб- шаҳри Турсунзодаро ба шаҳри гулҳо, шаҳри зебову сабзу хуррам табдил диҳем.
Биёед, азизон, барои иҷрои ин ниятҳои нек ва амали созанда, паҳлуи ҳам истода, дасти якдигар гирифта, ин шаҳр обод кунем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *