Таърихи 2 апрел ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳрдорӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ зиёда аз 1000 ҷавонони далери шаҳр хизмат намуда, даъватшавандагони нав ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар мешаванд, ки он мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад.
– Хизмат ба Ватан, аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст. Боварии комил дорем, ки бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред, – иброз дошт А. Вализода.
Дар идома аз номи волидайн Нуралиева З ва Баҳромов А. баромад намуда, изҳор доштанд, ки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор сафарбар намуда, таманно доранд, ки ба сарзамини муқаддаси худ садоқатмандона хизмат намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан иҷро намуда, ҳамчун ҷавони обутобёфта ба хона баргарданд.
Дар идома варзишгарони навраси шаҳр маҳорати варзишии худро намоиш дода, кормандони шуъбаи фарҳанг бо суруду таронаҳои ватанпарварона ба чорабинӣ фазои идона бахшиданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои наваскарон дастурхони идона ороста, баъдан бо дуои хайри волидон 50 нафар ҷавонони шаҳр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Таҷикистон сафарбар гардиданд.
Маркази матбуоти раиси шаҳр
Т