Олими дин нестам, аммо вақте терроризмро ба ислом шабеҳ медиҳанд, рости гап дар ҳайрат мемонам. Охир ин тавр нест! Китобҳои таълимотӣ исломӣ, “Чаҳоркитоб”, “Рӯҳи Ислом” ва инчунин Каломи шарифро низ варақ задам. Дар ягон саҳифаи он даъват ба куштору бадӣ нахондам. Аз хондаҳоям дарк кардам, ки ислом имон ба Худои ягона, покӣ, раҳму шафқат ва […]
Month: Апрел 2018
МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР
30 апрел таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода маҷлиси назоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуда, дар он як қатор масъалаи муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Нахуст раиси шаҳр вобаста ба масъалаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва […]
ҶӮРАБЕКОВ МАҲМАДНАИМ: ҲАР КАСЕ, ҚАСДИ ГУРЕХТАН КАРДА, БА ДАСТ МЕАФТАД…
Шоҳиди амалиётҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия Ҷӯрабеков Маҳмаднаим зимни як вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода доир ба чӣ гуна ба Сурия рафтану аз онҷо баргаштан нақл кард. Аз нақли Ҷӯрабеков Маҳмаднаим: “ Дар Россия аз соли 1998 кор мекардам. Соли гузашта бо мақсади аз нав кардани қайди ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ сарҳади Федератсияи Россияро бо давлати Туркия гузаштам. Дар […]
ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ»
Дар шаҳри Турсунзода директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффар бо намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавзӯи «ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ» маърӯза намуд. Зимни маърӯза қайд шуд, ки омӯзиши антропологияи инсон омили тарбияи инсони комил буда, даст ба ҷиноят задани […]
МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН
Таърихи 21 апрели соли равон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода маросими савгандёдкунии беш аз 160 нафар наваскарони қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода сарбозонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи […]
ҲАҚҚИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ
Ҳамд бар Худо, дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ба номи Худованди бахшоянда ва бахшандаи меҳрабон. Саҳобагони ислом аз Паёмбари ислом пурсиданд: «Ай расули Худо, мусалмони ҳақиқӣ кист?» Гуфтанд расули Худо (ман салимал муслимуна мин лисониҳи ва ядиҳи) – яъне мусалмони ҳақиқӣ ҳамон мусалмонест, ки аз дасту забони ӯ касе озоре наёбад. Яке аз ҳуқуқи […]
АГАР ҲНИТ НАМЕБУД…
Таърих шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин аст, ки бештар рӯйи ихтилофи динӣ – мазҳабӣ тамаркуз мекунанд. Доираи ихтилофи динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рӯҳонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сӯфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас […]
ИЗТИРОБ
Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. […]
КАДОМЕ МАНФИАТОВАР АСТ: ДАВИДАН Ё РОҲ ГАШТАН?
Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки роҳгардӣ фишори хунро ба эътидол медарорад, сатҳи қанднокиро кам карда, садди роҳи гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ ва диабети қанд мегардад. Маълумотҳои дақиқ чунин аст: давидан хатари ба фишори баланд гирифтор шуданро ба андозаи 4,2%, роҳ гаштан бошад 7,2% кам мекунад. Хатари ба бемории қанд гирифтор шуданро давидан 12,1% ва дар […]
ШАҲРИ АЗИЗАМ ҲУСНИ ДИГАР ГИРИФТА…
Шаҳри Турсунзода сол аз сол рушд меёбаду обод мешавад ва яке аз шаҳрҳои мутараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар давоми се моҳи соли равон куллан тағйир ёфтааст. Инро сабабе ҳаст. Чун марди меҳантдӯст Вализода Абдуқодири Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин шуда, фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Пешвои миллат аз корҳои ободонӣ оғоз […]