Наврӯзи байналмилалиро мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тоза зери Парчами якдиливу ҳамбастагӣ пешвоз гирифтанд. Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ҳайати меҳмонон- намояндагони шаҳру навоҳии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистонро, […]