Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

print

   Дар шаҳри Турсунзода 20 марти соли 2018 ба муносибати Рӯзи фарҳанг бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода  Абдуқодир Вализода маҷлиси ботантана баргузор шуд.

Абдуқодир Вализода кормандони фарҳанги шаҳрро ба муносибати “Рӯзи фарҳанг” табрик намуда, изҳор дошт, ки  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  рушди соҳаи  фарҳанг, мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад.

  • Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 ҷиҳати таҷлили «Рӯзи фарҳанг» баргузор шуда, бори дигар ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишварро нисбати аҳли фарҳанг баён медорад,- иброз дошт А. Вализода.

 Аз ҷумла қайд гардид, ки дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода беш аз 180 нафар корманд фаъолият намуда, дастаҳои «Шашмақом», «Фалак», ансамбли фолклории «Каратоғ» дастаи театрӣ, кормандони Осорхона ва Китобхонаи  марказӣ ҳамеша дар сафи аввали баргузории чорабиниҳо қарор дошта, дар рушди маънавиёти сокинони шаҳр саҳми муносиб доранд.  Дар фарҷом  фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *