Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

print

Наврӯзи байналмилалиро сокинони деҳаи Саъдии Шерозӣ ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо дастовези наврӯзӣ пешвоз гирифтанд. 

Дар деҳаи Саъдии Шерозӣ бо дастгирии соҳибкорон ва саховатпешагони ҷамоати деҳот бо харҷи беш аз 102  ҳазор сомонӣ ва меҳнати дастаҷамъонаи сокинони деҳа  маркази саломатӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии Лоиҳаи “Наҷоти кӯдакон” ҷиҳозонида шуд. 

Дар расми ифтитоҳи Маркази саломатӣ иҷрокунанандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода намояндагони моқомоти иҷроияи шаҳр, менеҷери кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, шахсони барӯманд  ва сокинони маҳал иштирок намуданд.  Маркази саломатӣ аз 6 хуҷра, ҳуҷраҳои доругузаронӣ ҳуҷраи духтрон оилавӣ ҳуҷраи эмгузаронӣ, ҳуҷҷраи табиби оилавӣ иборат буда, 5 нафар корманди тиббӣ фаъолият намуда, ба беш аз 3300 нафар аҳолии деҳа хизмати тиббӣ мерасонад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *