Ба муносибати Рӯзи матбуот дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони нашрияҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иштирок намуда, кормандони васоити ахбори оммаро ба ин мунолсибат табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз беш аз 400 номгӯи маҷаллаву рӯзномаҳо нашр гардида, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки сокинон саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.
Дастовардҳои матбуотчиёни шаҳри Турсунзодаро қайд намуда, А.Вализода изҳор дошт, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи беш аз 80 сола дошта, рушду нумуи он бештар ба давраи сохибистиқлолӣ рост меояд.
Агар дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр як газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, пас дар даврони соҳибистиколӣ се нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», 2 маҷалла «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» фазои иттилооти шаҳрро пурра менамоянд.
Барои саҳми арзишманд дар пешбурди матбуоти маҳал, тарбияи ҳуқуқиву маънавӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ як қатор фаъолони соҳа бо сипоснаву мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.