Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ГУСЕЛИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ СУРХАНДАРЁ

print

 Ҳокими Вилояти Сурхандарё  Эркинҷон Турдимов баъд аз иштирок дар  сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳ   и сарҳадии байналмилалии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ба Вилояти Сурхандарё баргашт.   

Дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” ҳайати кории  вилояти Сурхандарёро иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ва раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон  ҳамчунин собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, фаъолон, ҷавонон ва аҳли фарҳанг гусел намуданд.

Ҳокими Вилояти Сурхандарё  Эркинҷон Турдимов ба ҳозирин изҳор дошт, ки санаи 9-10 март ҳамчун рӯзи таърихӣ дар саҳифаи таърихи ду миллати дӯсту бародар бо хатти зарин дарҷ гардид.   Боиси қайд аст, ки дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шафкат Мирзиёев беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону

 Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуда, гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” ифтитоҳ гардид.

Иштирок ва суханронии самими Роҳбарони ҳарду давлати дӯсту бародар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бори дигар собит намуд, ки тоҷику узбек  як халқ буда, бо ду забон ҳарф мезананд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *