Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ТОЗАКОРӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

   Санаи 24-25 феврали соли равон дар шаҳри Турсунзода ҳашари умумишаҳрӣ баргузор шуд, ки дар рафти он беш аз 5 ҳазор нафар кормандони ташкилот, корхона, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳо, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои таълимиву тиббии шаҳр иштирок намуданд.

         Аз ҷониби  сокинони шаҳр дар ҳудуди хати санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», шоҳроҳ, кӯчаву қитъаҳои гулкории ҳудуди шаҳр,  биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот ва корхонаву идораҳо тозакорӣ, нармкунӣ, буриши санитарии дарахтон, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, сафед намудани пояҳои дарахтон ва  тоза намудани муҳити зистро аз партовҳои маишӣ  ба анҷом расониданд.         

 Баргузории корҳои дастаҷамъона дар ҳудуди хати санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҳукми анъана даромада, шаҳрвандон беш аз 20 га майдони ҳудуди ҷангалро аз партовҳои мухталифи маишӣ тоза намуданд. 

      Дар рафти корҳои тозакорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода ширкат варзида, барои саҳмгузорӣ дар тозагии муҳити зист ба иштирокчиёни ҳашар изҳори сипос намуд.  

  Баргузории чунин маъракаҳои ободонӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ, шаҳрдорӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.         

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *