Мақсаду маром ва нақшаи гурӯҳҳои ифротгароёни имрӯзаи ҷаҳони муосир чунин аст, ки ягон кишварҳои мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати демократӣ ва мустақил вуҷуд дош- та бошад. Ба ақидаи онҳо ҳамаи ин давлатҳои мусулмониро иҷборан зери таркиби «Хилофати ягонаи исломӣ» ворид сохта, мехоҳанд онҳоро ба давлати «Хилофатӣ» табдил дода, ҳамчун ғулом зери итоати худ қарор бидиҳанд. Ҳамин тавр ифротгароён ягон давлат ва ё кишварро мустақил эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар зери «Хилофат»-и худ несту нобуд карданӣ ҳастанд.
Созмонҳои ифротгароён ё худ террористон бо номи «Ҳизби таҳрири исломӣ» солҳо амал намуда, дар нақша ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ ташкили хилофати ягонаи исломӣ таблиғу ташвиқот мебаранд ва мехоҳанд, ки кишварҳои хурди мусулмониро зери тобеияти худ қарор диҳанд.
Шояд баъзе аз шаҳрвандони кишвари биҳиштосои мо-Тоҷикистон ё берун аз он калимаи «Ислом»-ро шунида гумон созанд, ки ифротгароёни динӣ системаи давлатдории муосир ва демократияро аз байн бурда, арзишҳои диниро ҷорӣ месозанд. Аммо ҳаргиз чунин набуда, ин гуна амалҳо ба фоидаи худи он таблиғгарони ифротӣ аз тарафи давлатҳои абарқудрате, ки барои ба даст овардани нуфузи сиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ барои амалисозии мақсадҳои геосиёсии худ буда, бо ин мақсад ба сари қудрат омаданро доранд.
Пешвоёну таблиғгарони гуруҳҳои бо ном «Давлати исломии» Ироқу Шом зери ниқоби «Ислом» ҷавононро гумроҳ намуда, онҳоро ба сафҳои худ шомил мекунанд. Ба онҳо аз Биҳишту ризогии Худованд «ваъдаю кафолат» медиҳанд. Агар яке аз ҷавонони шомилшуда кушта шавад, ба наздикони ӯ хабари «шаҳид» шудани фарзандашро медиҳанд. Гӯё фарзанди онҳо дар роҳи Ислом шаҳид шудааст. Аз ин лиҳоз муборакбодӣ ҳам мекунанд.
– Не шаҳид не балки ҳаром мурдааст, аз имону дидори Худою Биҳишти ҷовидон бенасиб шуда, дар нори сақар абадӣ ҷой гирифтааст ва ба лаънати Яздони поку фариштагон ва мардуми сулҳпарвару ватандӯст гирифтор мебошад.
Аз ин лиҳоз зарур аст ба ин масъалае, ки хавфи ҷаҳонӣ дорад муносибатҳои ҷиддӣ намуда, фарзандону ҷавононро аз доми фиребу найранги «Исломгароён» эмин нигаҳ дорем.
Агар мо нахоҳем ҳар он кулфате, ки ба сари мардуми кишварҳои Сурия, Яман, Ироқу Афғонистон омада, ки шаҳрҳоро валангор, модаронро гирён, фарзандонро ятиму дар ба дар гардонидааст ба сари Ватани маҳбубамон наояд, бояд ҳушёр бошему аз пайи тарбияи дурусти фарзандон шуда, бетарафӣ зоҳир накунем.
Модоме, ки чунин аст мо вазифадорем, ки ба аҳли кишвар симои воқеии гурӯҳҳои бо ном «Давлати исломӣ»-ро нишон диҳем, то фарзандонамон фаҳманд, ки ин гуруҳҳо баръакс ба номи мубораки Ислом доғ оварда, ягон гуфтаҳои онро риоя намекунанд.
Онҳое, ки даҳшати ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми қарни гузаштаро дар ёд доранд ба қад- ри тинҷиву амонӣ ва осудагӣ мерасанд. Моро лозим аст, ки насли ҷавонро аз ин таърихи талхи халқи тоҷик, ки бадхоҳони миллат ба гуруҳҳо ҷудо сохта, бародарро бар зидди бародар барангезониданд огоҳ созем.
Дар интиҳо ман боварӣ дорам, ки дигар ин бадхоҳони миллат, халқ ва ҷавонони моро дар доми фиреби худ дароварда наметавонанд. Имрӯз насли ҷавони мо бо рӯҳи қавӣ, иродаи мустаҳкам, донишу тафаккури баланди сиёсӣ, дарки масъулияти волои ватандорӣ дошта, дар мустаҳкам нигоҳ доштани ваҳдату ягонагӣ ва ризоияти миллӣ баҳри ободиву гулгулшукуфоии ватани азизамон гомҳои устувор гузошта истодаанд. Ҷавонони худогоҳу худшиноси мо алакай сиёҳро аз сафед, дӯстро аз душман ва бадро аз нек фарқ карда метавонанду пайравони ҳақиқии Пешвои миллат мебошанд. Бо он иқтидори зеҳние, ки ҷавонони фаъоли мо доранд, боварӣ дорем, ки аз паси худ ҳазорон ҷавонони дигарро пайи созандагиву ободкориҳо мебаранд.
Ба ҷавонон таъкид намуданиям, ки агар мо бори дигар ба доми фиреби мардуми дурӯя ва бадхоҳ афтем, ваҳдати бебаҳоро аз даст хоҳем дод.
Пас ҳамагонро лозим аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин гурӯҳҳои ифротиву бадхоҳони миллат дастаҷамъона муборизаи беамон барем ва фарзанди аслии ин миллату давлат бошем.