Иҷтимоиёт

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАД

print

Корҳои ободониву созандагӣ, шинони­дани гулу буттаҳо, шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъона дар қа­ламрави шаҳри Турсунзо­да муташаккилона идома доранд.

Ҳамешагӣ тамоми намояндагони корхонаву ташкилот ва хоҷагиву ҷа­моатҳо ба ҳашари дастаҷамъона ме­бароянд. Тоза кардани ҳар гуна пар­товҳо, нарм кардани бехи дарахтон, буридани шоху панҷаҳои зиёдатии да­рахтон, насби шиору овезаҳо аз ҷум­лаи корҳои иҷрошуда мебошанд. Чу­нин корҳои ободониву созандагӣ дар назди биноҳои корхонаву ташкилот, маҳаллаҳои шаҳр, шоҳроҳи Турсунзо­да-Душанбе ва ҷамоатҳои деҳот хеле чашмрас аст. Вусат бахшидани чунин тозакориҳо ба таҷлили бошукӯҳи дар пешистода рабт дода мешавад.

Фасли баҳор ҳам наздик шуда исто­дааст. Агар аз ҳозир мо ба шинондани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда машғул нашавем дер хоҳад шуд. Ҳамдиёрони азиз дар та­моми қаламрави ҷумҳуриамон корҳои ободонӣ оғоз гардидааст. Ва аз ҳамаи роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, соҳибони мағозаҳо ва шаҳрвандони шаҳри Турсунзода, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳамешагӣ барои ободиву тозагии шаҳр, ва шинондани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда саҳмгузор бошанд.

Сокинони шаҳри Турсунзода дар ободкории ватани маҳбубамон пеш­саф буда, пайваста дар таҷлил на­мудани ҷашнҳои таърихӣ ва пешвоз­гирии меҳмонони олиқадр саҳми арзанда мегузоранд. Барои боз ҳам зебову дилкаш намудани шаҳри Тур­сунзода чунин шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъона минбаъд низ ба роҳ монда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *