Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил Фарҳанг

print

                 Корвони ҳунар 

  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  санаи 17 феврали соли равон дар маркази шаҳри Турсунзода таҳти унвони “Корвони ҳунар”-  роҳпаймоӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир  гардид.    

Дар намоиш  ҷамоатҳои деҳот муассисаву корхона ва марказҳои ҳунаромӯзии шаҳр иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби намунаи дасти ҳунармандон аз ҷумлаи зардӯзӣ, қолинбофӣ адрасбофӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, табақу қошуқтарошӣ, оҳангарӣ кулолгариву муҷассамасозӣ ва дигар суннатҳои миллӣ ба маърази тамошо бароварда шуд. Ҳунари  кадбонуҳои  моҳир,  ки  аз  маҳсулоти  ордӣ  анвои  гуногуни  хӯрокҳои  хушлаззати  тоҷикӣ,  нонҳои  хурду  бузург,  таомҳои гуногуни  миллӣ  омода  карда буданд,  намоишгоҳро   зебу  зинат  медод.

Иҷрокунандаи вазифаи  раиси  шаҳри  Турсунзода   Абдуқодир  Вализода  ва  роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳр аз намоиши “Корвони ҳунар ” дидан намуда, ба  нақши  дастони   пурэъҷози  ҳунармандон   баҳои  баланд   дода,   ҳозиринро  барои  истиқболи   арзанда  аз  соли  рушди   сайёҳӣ   ва   ҳунарҳои   мардумӣ  даъват  намуд. Аз ҷумла зимни суханронии худ А. Вализода иброз дошт, ки  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хеле бамаврид аст.

      Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон чорабинии “Корвони ҳунар дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда, намунаи садоқати мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода нисбат ба Ватан ва супоришҳои роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегардад.  

Роҳпаймоӣ ва намоиши “Корвони ҳунар”, бори дигар собит менамояд, ки мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода, ки аз қадим бо касбу ҳунар, заминҳои ҳосилхез,  ҷавонмардони Ватандӯст, модарону бонуҳои бомаърифату ҳунарманд ва мардуми меҳмоннавоз шуҳратманди диёр гардидаанд, анъанаҳои неки аҷдодиро бо рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ идома медиҳанд.

Вобаста ба мавзеъҳои рушди сайёҳӣ  суханронӣ карда, А.Вализода фармуд, ки шаҳри Турсунзода дорои  мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ буда,  метавонад дар  рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир дошта бошад.  

 

Зеро дараҳои хушманзараи Қаратоғ ва Ширкент, ки дорои табиати зебо, дарёву кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, бозёфтҳои қадимаи археологӣ, обу гиёҳҳои шифобахш, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ буда, мавзеи истироҳат ва гардиши сайёҳони дохиливу ҳориҷӣ гардидаанд.

Раиси шаҳр бо такя ба гуфтаҳои муҳтарам Пешвои миллат илова намуд, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари сарчашмаи даромад ва рушди иқтисодиёт будан, заминаи мусоидро дар бахшҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фароҳам меоваранд. 

Қайд гардид, ки  барои расидан ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, ки баҳри зиндагии шоистаи мардум саффарбар гардидаанд, аз ҳар як сокини шаҳр  меҳнати софдилонаро тақозо менамояд.

Дар хотима ҳунарнамоии  ансамбли  фолклорӣ- этнографии  Қаратоғ   чорабинии       “Корвони  ҳунар ”- ро ҳусни тозаи идона бахшид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР                                                                                                                           

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *