Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна – «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.
Байни ду гурӯҳи террористӣ – Наҳзат ва ДИИШ- дар робита ба кӯмакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои Ҳизби Наҳзат дар сафи ташкилоти террористии “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», “Лашкари озоди Сурия” ва Ҳаракати исломии Узбекистон ҷангида истодаанд.
Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда, ҳизбро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил намуд. Ин воқеа баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзоёни Ҳизби наҳзат бар зидди Ҳукумат, сурат гирифт. Ҳизби Наҳзат ин амали худро бо кӯмаки собиқ муовини Вазири мудофиа генерал Абдулҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи ваҳдати миллӣ, ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт, А. Назарзода яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба шумор меравад.
Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо
Мувофиқи гузориши хабарнигори “Ховар”, ТТЭ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзат ташкил ёфтааст.
Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.
Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.
Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби “Маолим ала Тариқ” ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма неруи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани “Давлати исломӣ” буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол он ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақҳое, ки зери нуфузи онҳо дар Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.
Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмуҳтавои ваҳшиёнаи ҳарду гурӯҳ
Муқоисаи фаъолияти аъзоёни ДИИШ ва Ҳизби Наҳзати исломӣ, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-ми даврони Иттиҳоди Шуравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро, дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози Ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзои Ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда, ба мардуми ҳозиршуда дар намози Ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби Наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии Ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи эмомхатибӣ дар дохили ҳарду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абуҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзои Ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум мунташир намоянд.
Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали Ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави Ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои Ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи Ҳизб пайдо гардидаст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Ҳамаи онҳо дар дохили як матоъ ҷамъ оварда, барояшон намози ҷаноза хонда, дар қабристони “Заргар” ба хок супурда шуд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.
Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии Ҳизб ба шумор меравад. Ӯ ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад Ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани ҳукми Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.
Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби Наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзои Наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши исломии Узбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин “подоши некӣ”-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кӯмакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби Наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби Наҳзат пеш мебурд.
«Ҷабҳат ан-Нусра»
Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кӯмаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад.
ДИИШ
– Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. дар айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. дар алоқа мебошанд.
– Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Аъзои ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кӯмаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.
Лашкари озоди Сурия
Артиши озодихоҳи Сурия аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ ёфта, кӯмакҳои он барои Ҳизби Наҳзат низ расидааст. Ба сафи ин гурӯҳ Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод пайваст гардид. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекард. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон
– Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор доранд, рафтааст.
– Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
– Исоев Умед Ҳабибович, ки масъули қисми даъват дар гурӯҳи Толибон ба шумор меравад. Исоев У. Ҳ. соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.