Хабарҳо

АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

 

АМРИ

РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

“Дар бораи гузаронидани озмуни “Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода”

аз 24 январи соли 2018               №12  шаҳри Турсунзода

Бо мақсади кабудизоркунию ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” амр медиҳам:

  1. Озмуни шаҳрии “Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода” гузаронида шавад.
  2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ оид ба гузаронидани озмун тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  3. Низомномаи озмуни шаҳрии “Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода” тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  4. Роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеият оид ба иҷрои амри мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Телевизиони маҳаллии ТВ “Регар” ва ҳафтаномаи “Диёри Турсунзода” рафти баргузории озмунро инъикос намоянд.
  6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳр гузошта шавад.

       Раиси шаҳр                                                         С. Саломзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *