Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Хабарҳо

ТЭТ ҲНИТ- ҚОТИЛИ ЖУРНАЛИСТОН ВА ДУШМАНИ ОЗОДИИ СУХАН

print

 

Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно – як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, ки ин журналистон, ки қисме аз онҳо журналистони кисагии ин “аллома”-ҳо маҳсуб мешуданду боқимонда ба ТЭТ ҲНИТ таваҷҷуҳи хос доштанд, ҳушу гӯши сафсатапарокании нафарони зикршуда буданд.

Тамошои навори мазкур маро водор намуд, ки оид ба бархурди ТЭТ ҲНИТ ба аҳли қалам мурур намоям. Бо дарки масъулият мегуям, ки ТЭТ ҲНИТ қотили журналистон ва душмани озодии сухан буду ҳаст. Наҳзатиҳои хурофотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявӣ, ки озодии сухан рукне аз онҳост, чашми дидан надоранд. Дар марҳилаи муайян, хоса дар арафаи интихобот наздик шудани онҳо бо журналистон танҳо бо мақсади PR намудан буду халос. Наҳзатиҳои террорист имрӯз низ то андозае аз як идда журналистон истифода намуда истодаанд. Таваҷҷуҳи баъзе расонаҳо то ҳанӯз побарҷо буда, зимни шарҳи масъалаи ба ин ташкилоти террористӣ рабтдошта аз зикри вожаҳои террористиву экстремистӣ будани он худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки тибқи қонунгузорӣ журналист вазифадор аст, ки ин омилро ёдрас шавад. Доир ба ин мас- ъала зарур аст ба матолиби воситаҳои ахбори оммаи Русия мутаваҷеҳ шавем. Журналистони рус дар гузоришҳояшон расман террористӣ будани ин ё он ташкилотро таъкид менамоянд. Имрӯз зарур ва ногузир аст то ахли ҷомеа дарк намоянд, ки 10 журналисти соҳибноми кишварро маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИТ қатл кардаанд. Далелҳои мавҷуда, ки дар зер зикр хоҳам кард аз он шаҳодат медиҳанд, ки куштори журналистони шинохта, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзод аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ амалӣ шудааст. Масалан, 5 майи соли 1992, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯроӣ Олӣ рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода, кушта шуд. Тафтишот собит намуд, ки дастури нобуд кардани М. Шерализодаро яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ Худойдодов Абдуғаффор (“мулло Абдуғаффор”) додааст. Чунин амали террористӣ нисбат ба котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) Хушбахти Ҳайдаршо, субҳи 19 майи соли 1994 содир гардида буд. Ҳамагон иттилоъ доранд, ки Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Бино ба далелҳои мавҷуда, қатли номбурдаро бо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. (яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ), дастпарварони марказҳои террористии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ бо номҳои “Садир” ва “Муслиҳиддин” содир намудаанд. Мудири бахши форсии радиои “Би-Би-Си” дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур низ аз дасти ин тӯдаи бадхоҳон ба қатл расид. Далели бебаҳс аст, ки 12-уми декабри соли 1995 дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби узви фаъоли ТЭТ ҲНИТ Аҳтам Тоиров бо супориши бевоситаи Назарзода А. кушта шудааст. Дигар пешвоёни ин ташкилоти террористӣ низ аз Назарзода “ибрат” гирифта буданд. Барои мисол, корманди Радиои Тоҷикистон Саидшо Саидов 4 феврали соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) аз тарафи ҷангиёни қумондони ИНОТ, яке аз аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ М.Зиёев (“Мирзо Ҷага”) ба ҳалокат расид. Мухбири телевизиони ҷамъиятии Русия (ОРТ) Виктор Никулин 28 марти соли 1996 дар дафтари кории шабакаи мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, бо дастури бевоситаи Назарзода А. аз ҷониби узви фаъоли ТЭТ ҲНИТ Аҳтам Тоиров кушта шуд. Куштори роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷумъахон Ҳотамӣ ва корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумрук Сергей Ситковскиӣ, ки дар соли 1999 содир гардид, ба фаъолияти касбии онҳо алоқамандӣ дошт. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 майи соли 2000 ба қатл расонида шуд. Тафтишот собит кард, ки куштори ӯ бо дастури бевоситаи Назарзода А. сурат гирифтааст. Эътироф бояд кард, аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад. Табиист, ки журналистон метавонанд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҷомеа, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд. Зеро, амнияти иттилоотӣ маҷмуи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Биноан, метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эдод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объект танҳидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат рабте надошта, таҷрибаи тамоми давлаҳои демократӣ мебошад. Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст. Аввалан, ин нафаронро пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдаст, ки дар ҷаҳони имрӯза падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Сониян, қисмати дигарро хоҷаҳояшон ба истилоҳ ротатсия намуданд ва онҳо дар дигар макон ҳамон рисолати хешро иҷро хоҳанд кард. Ахиран, ба тарки Ватан намудану паноҳгоҳи сиёсӣ хостани журналистон баъзе ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ҳавасманд ва манфиатдоранд. Ин аст, ки қисмати сеюми ин қабил журналистон маҳз бо роҳнамоии чунин ташкилоту созмонҳо ба хориҷа рафтаанд. Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни сӯиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки роҳ надодан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон нерӯи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо – сулҳу вахдат равона менамоянд. Самандари КАМОЛ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *