Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Саноат Сиёсат Хабарҳо

САМТҲОИ ГУНОГУНИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

print

Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа меҳисобад.

Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар Паём қайд гардидааст, ки «Тоҷикистони соҳиб- истиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату  тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул намоем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатамро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

Бояд қайд  намуд, ки таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз омилҳои муҳими пешравӣ ва рушди иқтисоди кишвар аст. Дар Паём омадааст, ки: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши  чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».

Бояд зикр намуд, ки сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукамату давлат дониста мешавад. Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд карданд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд».

Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар Паёмашон иброз доштанд, «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масълаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».

Президенти кишвар оид ба масъалаи  нарасидани оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ва ба таври зарурӣ истифода бурдани аз он, борҳо аз минбарҳои баланд ба ин масъалаи глобалӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани инсоният, даъват ба амал намудан низ ибрози назар кардаанд. Дар Паёми гузаш- та оид ба масълаи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Президенти кишвар зикр намуда буданд ва дар Паёми навбатиашон низ ба ин масъла таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: «Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда нақши пешбарро идома хоҳем  дод».

Дар умум бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ  ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар, аз  ҷумла мо маорифчиёни шаҳри Турсунзода бо самимият қабул гардид.

Шодӣ МАВЛОНОВ, роҳбари гуруҳи идоракунии  сифати таълим дар Литсейи  касбии металлургии   шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *