Об муҳимтарин унсури кимиёвӣ ба шумор меравад ва он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳасту ҳаёт. Бояд дар масъалаи тоза нигоҳ доштани об ҳамчун асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам, аз оила сар карда, то боғчаҳо ва дабистону донишгоҳҳо фарзандони худро тарбия намоем. Ба ҳар як кӯдак фаҳмонем, ки бо шарофати ин неъмати бебаҳо Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз ободу зебо мегардад. Ва маҳз обҳои мусаффо ва фаровон у шифобахши Ватани азизамон таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Аммо афсӯс, ки ин сарвати бебаҳои Худододро баъзе аз ҳамватанони мо қадр намекунанд.
Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2050 аз норасоии об 3миллиард нафар дар 50 кишвари дунё азият хоҳанд кашид. Инчунин афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон талабот ба обро дар соҳаҳои кишоварзию саноат ва рӯзгори одамон хеле зиёд мекунад. Маҳз ҳамин нуқтаро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 дар Анҷумани сеюми ҷаҳон бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Пешниҳоди Пешвои муаззами моро 140 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуданд. 12 апрели соли 2015 дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об дар Ҷумҳурии Корея Пешвои миллат қайд карданд, ки “бидуни шакку шубҳа нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” барои муттаҳид сохтани тамоми корҳои муштараки мо дар самтҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хотири тақвияти расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об асоси хубе ба миён овард. Вале таҳдиду хатарҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд – зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометерологӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” пурра татбиқ карда шаванд. Бо назардошти ин пешниҳод менамоям, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор, 2018-2028” эълон карда шавад”. Санаи 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ Қатънома қабул кард. Ташаббусҳои Пешвои миллати моро дар сатҳи баланд дастгирӣ менамоянд, ки ин заковатмандӣ ва башардӯстии Роҳбари давлати моро нишон медиҳад. Моро мебояд, ки дар ҳалли масъалаҳои об аз Пешвои муаззами худ ибрат гирифта, ин неъмати бебаҳои табиатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, аз он сарфакорона истифода барем. Аз қадимулайём мардуми башар обро чун манбаи ҳаёт ва муъҷизаи бузурги табиат, асоси зиндагии мавҷудоти олам мешуморанд. Мо бояд ҳамеша суханони ҳикматомези Пешвои миллатро роҳнамои ҳаёти худ шуморем ва ин нуқтаро ба ёд орем, ки бе об зиндагӣ вуҷуд надорад ва онро чун муқаддасоти табиат ҳифз намоем.
Ҳасан КАПИКОВ, омӯзгори МТМУ-и №68 шаҳри Турсунзода.