Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ҶАВОНОНРО АЗ АМАЛУ РАФТОРИ НОҶО НИГОҲ ДОРЕМ

print

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гарид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт». Ҳамчунин илова намуданд, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад, боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои нави сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат хулоса баровардан мумкин аст, ки вазъияти кунунии тезутунди сиёсии ҷаҳон хатарҳо ба вуҷуд меорад, ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозад, ҷони ҳазорҳо одамони сулҳдӯсти сайёраро мерабояд. Аз дасти террористону эктремистони ҷангҷӯ мардуми бисёр кишварҳо ватани худро тарк намуда, ба мамолики дигар фирорӣ мешаванд, азобу шиканҷаҳои зиёде мекашанд.

Ҳангоме, ки террорист ё экстремист мегӯем, дар пеши назар онҳое меоянд, ки бо чашмони хуношом ва бераҳмии аз ҳад зиёд хоини ватани хеш шуда, бо роҳбарии хоҷагонашон ва дороӣ ба даст овардан дар мулки ғайр машғули куштори одамони бегуноҳ ва тороҷгарӣ мешаванд. Боиси таассуф аст, ки дар сафи ин ҳайвонсиратон бархе аз ҷавонони Тоҷикистон бо ном хоинони Ватан шомиланд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар вақташ дар оила хуб тарбия нагирифта, баъдан   ба роҳи хатарнок-терроризм қадам гузоштаанд. Имрӯз дар Сурияву Ироқ ва дигар мамлакатҳои ҷангзада дар куштору террор ва ғоратгарӣ машғуланд. Яъне, бо таъсири таблиғоти ифротгароён, таассуби динӣ ва ҳидояти хоҷагони бадзоташон. Бо итминон гуфта метавонем, ки рӯзе не рӯзе, дур аз ватан, худ аз ҳадафи тир мисли саги девона ба ҳалокат мерасанд.

Ҷавонони мо ҷавонони даврони истиқлол буда, нисбати ҷавонони солҳои пеш дар сатҳи маънавиёту фарҳанг хеле баланд рафтаанд, нангу номуси миллиашон торафт густариш ёфта, таҳаммулпазириашон аз одоби неки онҳо дарак медиҳад. Дар замири онҳо ҳисси ватандӯстиву башардӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ мас-кан дошта, бо як меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ, ки муқаддасоти миллианд эҳтироми бузург доранд. Бо ифтихори баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони бонангу номуси мо фарҳанги барои миллатамон бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсонро қабул надоранд. Воқеан, ҷавонони ҳақиқии давронанд ва ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва бунёдкориҳо камарбастаанд ва он ҷавононро, ки хоини ватану ба амалҳои террористӣ даст мезананд, сахт маҳкум мекунанд.

Пешвои миллат дар бисёр баромадҳояшон ҷавонони ояндасозу бофарҳанг ва донишандӯзу бунёдкорро ситоиш мекунанд ва қайд менамоянд, ки: «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо – ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед». Аз ин рӯ, мо калонсолон, падару модарон бояд чунин ҷавонони арзандаву бономус ва дӯстдори ҳақиқии Ватанро ҳанӯз  аз хурдиашон тарбия намоем, то ки онҳо оянда манфиатбахши халқу меҳани хеш бошанд.

Дилором ҚАРШИЕВА, сокини деҳаи Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи

Т. Тӯйчиев.          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *