Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат

ШАҲРДОРӢ НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2017

print

Маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 таърихи 5 январ таҳти роҳбарии Саломзода Сиҷоуддин бо иштироки намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ баргузор шуд.

Муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода Парвиз, муовинони раиси шаҳр Солеҳа Холова, Собирзода ғафурҷон, Долизода ҳамдам ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Назирзода Муҳсиддин зимни маърӯза натиҷаҳои фаъолияти соҳаи саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва хоҷагии шаҳрдорӣ, соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, самтҳои фаъолияти соҳаи иқтисод ва савдо, вазъи соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти сохтори дастгоҳро дар соли 2017 мавриди таҳлил қарор доданд.

 

Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар асоси баррасии фаъолияти соҳаҳо масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳоро барои фаъолияти пурсамар дар соли 2018 вазифадор намуд.

 Дар охир намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар ба сухан баромада, афзуд, ки мақомоти иҷроия ва сокинони шаҳри Турсунзода дар давоми соли 2017 ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон  дар соли 2018, дар иҷроиши нақшаи буҷет, афзоиш додани истеҳсоли  маҳсулоти содиротивазкунанда ва ба воридот равонагардида бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *