Варзиш Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил

ПОЯНДА БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!

print

Санаи 29 декабри соли 2017 дар Кохи «Дӯстӣ» бахшида ба Соли ҷавонон – таҳти унвони «Поянда бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин ва беш аз 700 нафар ҷавонони фаъол чорабинии тантанавӣ  баргузор шуд.

Дар ибтидо Саломзода Сиҷоуддин  ба сухан баромада иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда, идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург ва ояндасози давлат    ба ҳисоб рафта,  ҷавонони саодатманди кишвар таҳти ғамхории падаронаи муҳтарам Пешвои миллат қарор доранд.  

Эълон гардидани  соли 2017 Соли ҷавонон нишонаи боварӣ ва муҳаббати  Сарвари давлатамон  нисбат ба ҷавонони кишвар  буда, иқдоми бузурги Сарвари давлат ба ҷавонон нерӯву илҳоми тоза бахшида, онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин давра ҷавонони шаҳри Турсунзода аз лиҳози сиёсӣ, фарҳангӣ, омӯхтани илму маърифат ва технологияи муосир, касбу ҳунар, машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим, пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби раиси шаҳр таъкид шуд, ки ҷавонони шаҳр дар муассисаҳои олии мамлакат дохил ва хориҷи кишвар таҳсили илм намуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, обрӯю эътибори Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Соли равон дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Турсунзода ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар мусобиқаи ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки дар давлати Чехия баргузор шуд, ҷои якумро сазовор гардида, ба гирифтани ҷоизаи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон лоиқ дониста шуд, ки мо  аз чунин ҷавонони парчамбардори миллат ифтихор мекунем.

Дар идомаи сухан раиси шаҳр иброз дошт, ки ғамхориҳои ҳукумат ва роҳбарияти олии Ватан аз ҷавонон тақозо менамоянд, ки боварии Сарвари давлатро сазовор буда, дар татбиқи барномаҳои давлатии ҷавонон саҳми худро гузоранд.

 Дар хотимаи суханронӣ раиси шаҳр  бо дарназардошти иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳр, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷавонони фаъолро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида, ҳамчунин ба чор нафар варзишгарҷавонон шаҳодатномаи унвони номзад ба Устоди варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. 

 Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҷавонони ҳунарманд бо шеъру тарона ва  сурудҳои ватандӯстона баромад намуда, ба ҷамъомад шукуҳи тозаи идона зам намуданд.    

Вобастаба ҷамъбасти Соли ҷавонон мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Умед ҳалимов  зимни суҳбат иброз дошт, ки  бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон 228  чорабиниҳои омавӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ доир карда шуданд. Дар давоми сол беш аз 15 сафарҳои дастаҷамъонаи сайёҳӣ ва вохӯриву мулоқотҳои судманд бо иштироки бевоситаи роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолҷавонон ташкил карда шуд.

     Варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 396 медал ва аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 44 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 164 медал зиёд мебошад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ масъулини соҳа бо ҷалби беш аз 1000 нафар донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар панҷ қисми ҳарбии шаҳр суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар ин давра 7 аксияҳои таблиғотӣ бо фарогири 15000 нафар  ҷавонони касбу кори гуногун гузаронида шуд. Ҳамзамон У. ҳалимов иброз дошт, ки мо ҷавонони шаҳр пайрави Пешвои миллат буда, аз меҳани озоду соҳибихтиёр, кишвари зебои биҳиштосо ифтихор намуда, Ватани азизро дӯст медорем ва ҳифз намудани манфиатҳои миллиро вазифаи муқаддаси фарзандӣ дониста, ҷиҳати татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат кӯшишу ғайрати дучанд менамоем.

Фирӯз ҚУРБОНОВ, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *