Иқтисодиёт Кишоварзӣ

МАҚСАД: ВУСЪАТИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

print

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла­тии шаҳри Турсунзода таърихи 28 декабри соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо намояндагони соҳаи кишо­варзӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вохӯрӣ баргузор шуд.

Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода дар оғоз во­баста ба соҳаи кишоварзӣ маълумот манзур намуд.

Дар идома Маҳмадтоир Зокирзода истеҳсоли маҷмуи маҳ­сулоти кишоварзӣ, иҷрои нақшаи солона ва ҳолати воқеии соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки соли равон деҳқонони шаҳр як қатор пешравиҳоро ноил гардида, маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро беш аз 105 фоиз иҷро ва ҳосилноки­ии пахтаро ба 30 сентнер баробар намуданд. Аммо таҷрибаи кишоварзон ва ҳосилнокии заминҳои шаҳр барои гирифтани ҳосили бештар мусоидат менамояд.

-Аз ин лиҳоз, кишоварзонро мебояд бо дарназардошти та­лаботи воқеии

 аҳолии шаҳр ва бозори истеъмолии мамлакат, бо истифодаи самараноки обу замин, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишо­варзӣ ворид намудани заминҳои боир, баланд бардоштани ма­данияти истифодаи замин дурнамои соҳаро барои соли 2018 таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи он чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон васеъ намудани майдони кишти пумбадона ба 3200 га, ки маҳсулоти интиқолдиҳанда буда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд, аз вазифаҳои аавалиндараҷаи ки­шоварзон ба ҳисоб меравад, – иброз дошт М. Зокирзода.

Дар ин радиф М. Зокирзода вобаста ба кишти картошка ва дигар сабзавоти барвақтӣ, таҳияи сохтори кишоварзӣ ҷустани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати иҷрои сарвақтии кишти тирамоҳӣ, кор дар самти ҷамъоварии маълумоти саҳеҳи оморӣ ва як қатор масоили марбут ба соҳа ба ҳозирин дастуру супориш дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *