Бахшида ба ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилот, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз, намояндагони муассисаву корхонаҳо, пешқадамони истеҳсолот собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол ва намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявию маҳаллӣ ширкат варозиданд.
Ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Бо шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад».
Моҳияти таърихии Иҷлосияро шарҳ дода, С. Саломзода илова намуд, ки «Маҳз бо шарофати баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ва дар он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ пешниҳод ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қабул гардидани санадҳои ҳуқуқӣ мардуми Тоҷикистон ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона қадамҳои устувор гузоштанд»
Ҳамзамон таъкид гардид, ки санаи 16 ноябр барои халқи Тоҷикистон бо таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳбубияти хосаро дорад.
– Боиси тазаккур аст, ки 15 апрели соли 2016 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор қабул гардид, ки санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шавад.
– Таҷлили Рӯзи Президент намунаи олии эҳтирому эътиқоди мардум ба муҳтарам Пешвои миллат буда, муҳаббати беинтиҳои Сарвари муаззамро ба сокинони кишвар арзёбӣ менамояд, – иброз дошт раиси шаҳр С. Саломзода
Дар қисми фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби муҳассилини муассисаҳои таълимӣ шеърҳои ватандӯстона қироат гардида, санъаткорони шуъбаи фарҳанг баномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр
Зикр шуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба маънои гузоштани хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди сулҳи минбаъда буд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамаи комёбиҳои имрӯзаи мо аз ваҳдати миллӣ сарчашма гирифта, то баланд шудани обрӯву нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, бунёди шоҳроҳу пулҳо, сохтмони неругоҳҳо ва беҳбуди рӯзафзуни рӯзгори мардум аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва бар сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон аст.
«Дар сар то сари кишварамон ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки барои мардуми шарафманди тоҷик фаромӯшнашаванда аст, мутантан ҷашн гирифта мешавад. Бо шукргузорӣ метавон гуфт, ки зиндагии бомаром, суботу оромӣ, пешрафт, шукуфоии кишвар — ин ҳама дарак аз сулҳу ваҳдат, якдиливу муттаҳидӣ дода, моро бори дигар водор месозад, ки бо садоқату самимият ба Сарвари давлат, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамчун ҳомии ҷасур ва сарсупурдаи Ватани хеш бошем»,-зикр шуд дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.
Дар Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зимни ҷамъомади бошукӯҳ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо иштироки 70 нафар намояндагони ҷавонони иттифоқҳои касабаи корхона ва муассисаҳои кишвар муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Нигора Назарова дар бораи нақши ҷавонон дар фаъолияти иттифоқҳои касаба баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии меҳнаткашон, татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва эҳтиром арзишҳоли миллӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти хеш ҳамчун Сарвари давлат бо такя ба неруи ҷавонон ин кишри ҷомеаро созандагони фардои дурахшон медонад.
Бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҳамоиши идона баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло оид ба нақши созгор доштани Иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сухан намуда, зикр кард, ки Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон ба миллат ва давлат роҳбари сазовору нотакрор туҳфа кард. Расидан ба ин рӯзҳои неки деринтизор маҳз тавассути талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва мардум сарҷамъу давлат устувору пойдор гардид.
“Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардида, аз лиҳози моҳияти нақш ва қимати таърихӣ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши баробар дорад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёдро аз фитнаву парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби ҷангу ҷидол, нобасомониҳо берун кашид». Ин матлабро раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо дар ҷамъомади идона ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири Ватану мардуми кишварро ба дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳам оварда, сулҳу осоиш, истиқлолияту рукнҳои давлатдориро пойдор намуд.