Таҷлил

Тантанаҳои идона ба ифтихори рӯзи парчами давлатӣ

print

Субҳи 24 ноябри соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аскарону афсарони қисмҳои низомии шаҳр, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол, намояндагони сершумори муассисаҳои тиббӣ, таълимиву фарҳангӣ аз назди наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқол то майдони Исмоили Сомонӣ бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва шиорҳои ватандӯстона  роҳпаймоии   идона барпо  гардид.

Ба ин муносибат дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ  ҳамоиши идона бургузор шуда, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин иштирокдорон ва сокинони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки :

«Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат мо соҳиби Парчами давлатӣ гардидем, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон буда, ифодагари иқболу Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангдӯсти мо ба ҳисоб меравад».

Зимни баромад аз ҷониби раиси шаҳр қайд гардид, ки  халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Сарвари давлат ба ваҳдати миллӣ расида, дар зери Парчам сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба роҳ монда, ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ тадбирҳои муассир меандешанд.

Ҳамзамон қайд шуд, парчамдории халқи тоҷик  таърихи ҳазорсолаҳо дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ арҷгузрӣ ба Парчами давлатӣ  умумизалқӣ гардида, бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарини ҷаҳон афрохта шуд, ки он ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар буда, дар бунёди ин рамзи иқболу садоқат мардуми созандаи шаҳри Турсунзода низ саҳми худро гузоштаанд.

Ҳамзамон Саломзода Сиҷоуддин  изҳор дошт, ки парчами давлатӣ  беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқ аст.  Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, яъне Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд ҳамчун рамзи нангу номус ва шараф мақому эътибори хоса дошта  бошад.

– Мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода дар баробари дигар сокинони кишвар зери Парчами давлатӣ барои ободии Ватани азиз меҳнати софдилона  намуда, ҷавонони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, бо афрохтани  Парчами миллӣ шарафу ифтихори Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Аз инг лиҳоз, вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд расидан  ба қадру манзалати ин муқаддасоти миллӣ буда, ҳар яки моро мебояд   ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ва муқаддас доштани рамзҳои давлатӣ тарбия намоем, иброз дошт раис шаҳр.

Баъд аз роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ботантана ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хонаи фарҳанг, Боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳр, ҷамоати деҳоти Каратоғ ва ташкилоту муассисаҳои мухталиф чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

One Reply to “Тантанаҳои идона ба ифтихори рӯзи парчами давлатӣ

  1. Парчами Тоҷикистон бигзор ҳамеша дар минбарҳои баланди дунё ҷилвагар бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *