Хабарҳо

Конфронси аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI шӯрои олии Тоҷикистон

print

Санаи  14 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» конфронс баргузор шуд, ки дар рафти он иштирокчиёни Иҷлосияи сарнавиштсоз аз шаҳри Турсунзода  кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ва кормандони ВАО ҳузур доштанд.

Дар оғоз Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода аҳамияти таърихӣ ва моҳияти беназири Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро мавриди шарҳ қарор дода афзуд, ки: «Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи таърихӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори соҳибхирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ оварда, ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуданд, балки дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ҳанӯз 25-сол муқаддам муҳтарам Сарвари давлатамон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби кишвар нақшаи сулҳу суботро таҳрезӣ намуда, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идоракунии давлатро ба дӯш гирифта буданд, ки ҳар як сокини кишвар шоҳиди амалан татбиқшавии  нақшаҳои созандаи Роҳбари халқ гардид».

  Дар идома Прокурори шаҳри Турсунзода Шарифзода Мирзошариф Раҳмон баромад намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ташкили давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил ёфта, рамзҳои давлатии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва меҳнати пурмаҳсули сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 – Вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибватан аст, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва Истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор намуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳанд,  – илова намуд Прокурори шаҳр.

Дар идома иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз аз шаҳри Турсунзода Убайдов Бобоқул, Раҷабов Абдурасул, Баротов Баҳрулло, Разоқов Убайдулло ва  Ҳайдаров Юсуф ба сухан баромада, ёддоштҳои худро  хамчун шоҳиди воқеии Иҷлосия изҳор дошта,  таъкид намуданд, ки  он шабу рӯзи ҳассос халқи Тоҷикистон орзуи оромиву осудагӣ ва зиндагии осоиштаро дошт.  Маҳз аз ин Иҷлосия ризоияти ва ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта,  бо талошу хизматҳои назарраси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи кишвар барои бунёди давлати озоду демократӣ қадамҳои усутувор гузошт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *