Хабарҳо

Тантанаи рӯзи Конститутсия

print

Санаи 6 ноябр ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода бо иштироки фаъолону   ҷавонон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.  

 

Раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода зимни суханронӣ мардуми меҳнатдӯсти шаҳрро ба ин муносибат таҳният гуфта, зикр намуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қабул гашта, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Таҳия ва қабули Конститутсия дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани шуури сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат саҳми муассир дорад».

Дар идома С. Саломзода як қатор фаъолони шаҳрро барои дастовардҳои назаррас бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ намуд.

Аз ҷумла Муассисаи манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода барои саҳми муносиб дар корҳои ободонию кабудизоркунии кӯчаву гулгашти  ҳудуди вобасташудаи шаҳри Душанбе ва  ишғоли зинаи якум дар «Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ  ба муносибати 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.

 Ҳамзамон  Абдухолиқзода Мадина  барои иштироки фаъолона ва  ишғоли ҷойи 1-ум дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба бокс ва  Муқумова Қурбоной         – хонандаи синфи 11-и МТМУ №35 барои иштироки фаъолона ва ғолибият дар бахши «Хонандаи   беҳтарин» дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони  «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» аз ҷонби раиси шаҳр бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Барои меҳнати софдилона ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар кишти зироати  пахта  Қаноатов Ховар, Мақсудова Мадина, Холов Шавкат, Ахмедов Файзулло, Турсунов Нусратулло, Очилдиев Маҳмад, Ҷӯраев Олимҷон Ҳалимов Ҳусейн, Давронова Рисолат, Мамадҷонова Парӣ, Қарабоев Умар, Мирзоев Фарҳод , Маҳмадиев Маҳмадраҳим ва  дар ин радиф кормандони Раёсати кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Пахтаобод ва Регар низ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангии санъаткорони ҷавон ва  кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ба тантанаҳои Рӯзи Конститутсия шукуҳи тоза зам намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *