Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки афсарон, хизматчиёни шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва собиқадорони соҳа маҷлиси ботантана доир гардид. Бо ин муносибат табрикоти роҳбарияти шаҳрдорӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳа расонида шуда, таъкид гардид, ки […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рўзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд, ки дар рафти он роҳбаорияти шаҳрдорӣ, варзишгарон, мураббиёну собиқадорон, кормандони соҳаи варзиш ва намояндагони корхонаву ташкилоти шаҳр ширкат намуданд. Чорабинӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Дар қисми тантанавӣ паёми табрикотии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр […]

Таҷлил

ХАЙРИЯИ ИДОНА

Дар арафаи Иди саиди Қурбон дар баробари табрики пайвандону наздикон, аёдату беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва, муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон хайру эҳсон намудан, ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ин анъанаи нек соли ҷорӣ низ идома ёфта, […]

Таҷлил

ФАЗИЛАТИ ҚУРБОНӢ

Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: «Ай Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам, чист?» Паёмбар (с) гуфт: «Ин суннати падаратон Ибоҳим (а) аст». Пас саҳобаҳо гуфтанд: «Чӣ фоида (фазилат) доранд?» Паёмбар (с) гуфт: «Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад».

Таҷлил

Табрикоти раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ба муносибати Иди Ғалаба

Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнаткашони ақибгоҳ, Ҳамдиёрони азиз, Имрўзҳо дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон 75 солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардида, мардуми сарбаланди Тоҷикистон низ ин санаи муҳимро зери Парчами сулҳу дўстӣ ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони […]

Таҷлил

ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бахшида ба  75 солагии  Ғалаба бар фашизм бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтара Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд. Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай ба шаҳри Турсунзода […]

Таҷлил

САҲМИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР СОҲАИ ТИБ

             Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби  фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва чустуҷӯи  илму донишро ҷой кунем. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 26.12.2019   «Ба назму насри сухан довар аст, Зи […]

Таҷлил

Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА

Таҷлили ҷашни Садаро дар шаҳри Турсунзода тариқи саҳифаи ютубии зерини тамошо  кунед https://www.youtube.com/channel/UCnsTyeC110pW_CCAan4sCnA  Сада аз ҷашнҳои  қадимтарини мардуми ориёинажод буда, ,бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, дар саросари кишвар  бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки  Сада дорои таърихи беш аз 5 ҳазорсола буда, Ҳушанг аввалин подшоҳест, ки иди […]

Таҷлил

ТАНТАНАИ  РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода сокинон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори ин нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқ ва таҷассумгари озодиву Истиқлол бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар сокинони шаҳр роҳпаймоии идона баргузор шуд. Дар кохи “Дӯстӣ” барномаи […]